МУФТИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА ГИРИФТОРИ КОРОНАВИРУС ШУДААСТ

  • 27.05.2020, 07:27,
  • Дин
  • хонанда 2 218
  • 0
 

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон дар як суҳбати кӯтоҳ бо хабаргузории "Спутник” гирифтор шуданаш ба бемории коронавирусро тасдиқ карда, гуфтааст, ки ҳоло дардаш сабук шудааст ва пизишкон иҷоза додаанд, ки барои ҳавохӯрӣ ба берун барояд. Муфтӣ, ба гуфтаи наздиконаш, тақрибан 10 рӯз пеш ба коронавирус гирифтор шуда, дар хона табобат мегирад. Абдулқодирзода ба далели маризиаш дар ҷаласаҳои ахири Шӯрои уламо иштирок карда натавонистааст. "Спутник” менависад, рӯзи 17 май писарамаки муфтӣ Эшони Сайидвалӣ, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекард ва маризии қанд дошт, вафот карда буд.

 

"Ба дуо бошед": Муфтии Тоҷикистон дар бораи гирифториаш ба COVID-19

Вазъи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода беҳбуд ёфта, иҷозаи ба берун баромаданро пайдо кардааст.

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik.Саидмукаррам Абдуқодирзода дар як тамоси телефонӣ ва суҳбати кӯтоҳ ба Sputnik Тоҷикистон вазъи худро хуб арзёбӣ карда, афзуд, дардаш сабук шуда, пизишкон иҷоза додаанд, ки барои ҳавохӯрӣ ба берун барояд.

"Аз онҳоеки ба саломати банда таваҷҷӯҳ кардаандизҳори миннатдорӣ мекунамМардуми шарифи Тоҷикистон мутаваҷҷеҳи саломатии худ ва ҳамеша барои маризон ба дуо бошандИншоаллоҳин рӯзҳо мегузарад”, - гуфт муфтии Тоҷикистон.

Хабарнигори SputnikТоҷикистон ба хотири эҷод накардани музоҳимат аз раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон тафсилоти бештарро тақозо накард, аммо наздикони ӯ гуфтанд, ки мавсуф ҳудуди даҳ рӯз ба ин сӯ аз маризии илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст, на "вируси корона” ё COVID-19.

"Он кас дар манзили худ табобат мегиранд. Ҳамин субҳ пизишкон ба муоинаи он кас омада, вазъашонро муътадил арзёбӣ карданд ва иҷоза доданд, ки аз бистар хеста, ҳаракат кунанд”, - гуфт яке аз наздикони ӯ.

Ба қавли наздикон, Саидмукаррам Абдуқодирзода як ҳафта қабл аз иди Рамазон бистарӣ шуда, имкони ширкат дар ҷаласаҳои қабл аз иди Шӯрои уламоро надошт ва азбаски маризиаш шадид набуд, пизишкон маслиҳат доданд, ки дар хона табобат шавад.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, рӯзи 17 май писарамаки муфтӣ Эшони Сайидвалӣ, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекард ва маризии қанд дошт, вафот карда буд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода аз моҳи октябри соли 2010 раиси Маркази исломӣ ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон