Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 20 май бо содир намудани як қарор санаи иди саиди Рамазонро муайян намуд.

Тавре дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашу маросими назди ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, дар қарори Шӯрои уламо қайд мешавад, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 24-уми май таҷлил карда шавад.

Инчунин, дар ин қарор гуфта мешавад, вобаста ба шароити пешомада, ки аз ихтиёри мо берун аст, ҳар як намозгузор дар вақти намози ид дар манзили худ ба зикру ниёиш ва дуруду дуо машғул шавад.

Тибқи ин қарор бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону бенавоён ва закот дар баробари ба ниёзмандону маъюбон, ятимон, инчунин ба суратҳисоби махсуси ёрӣ ба беморони COVID-19 дода шавад.

“Бар асари коронавирус имсол намози дастаҷамъонаи иди Рамазон баргузор намешавад. Намоз тариқи онлайн ҳам доир намегардад, зеро чунин амал дар мазҳаби ҳанафӣ иҷоза дода нашудааст”, - хабар дода буданд ба “Азия-Плюс” рӯзи 18 май аз Кумитаи мазкур.

Зикр шуда буд, ки раиси Шӯрои уламо гуфтааст, мувофиқи шариати мазҳаби ҳанафӣ, дар Иди Рамазон мусалмонон бояд барои намози ид сарҷамъ оянд ва намози онлайн намози дастаҷамъӣ (ҷамоат) ҳисобида намешавад.

Мутобиқи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, рӯзи Иди Рамазон дар ҷумҳурӣ истироҳат эълон шудааст.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи қарори Шӯрои уламо, имсол дар моҳи шарифи Рамазон баргузории ҳама гуна чорабиниҳои серодам, аз қабили намозҳои панҷвақта дар масҷидҳо, ифтору идгардак ва ғайра манъ шуд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки ҷашни бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукни Ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини Ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.