расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ҳокими Алмато гуфт, харҷҳои чандмиллионӣ барои расонаҳо қобили қабул аст

. / Ҷаҳон

Ҳокими Алмато гуфт, харҷҳои чандмиллионӣ барои расонаҳо қобили қабул аст

Бакитҷон Сагинтаев, ҳокими шаҳри Алмато.

Бакитҷон Сагинтаев, ҳокими шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, ҷудо кардани миллионҳо танга аз буҷаи шаҳрӣ барои амалисозии сиёсатҳои матбуотии кишвар "таҷрибаи маъмулӣ" аст.
Сагинтаев дар як нишасти хабарӣ рӯзи 7 декабр гуфт, ки соли ҷорӣ аз буҷаи кишвар барои нашри маводи супоришии давлатӣ дар расонаҳо бештар аз 1,6 миллион доллар ҷудо шудааст. Ба бовари ҳоким, ин харҷҳо муҳим ҳастанд.
"Ин маблағ барои он нест, ки фаъолияти ҳоким нишон дода шавад. Ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа дорам, ҳисоботамро онҷо нашр мекунам. Сухангӯ дорам, ки фаъолияти худро пеш мебарад. Аммо дар шаҳр корҳое сурат мегиранд ва онро бояд инъикос кард. Дар ин бора бояд гуфт. Ин сиёсати иттилоотӣ аст, ки супоришҳои давлатӣ нашр мешаванд. Гап дар ин нест, ки ман ба шумо пул додам ва шумо маро таъриф кардед. Мо ба расонаҳо пул намедиҳем, ки моро таъриф кунанд. Мо кори худро нишон медиҳем", - гуфт Сагинтаев.
Таҷрибаи пардохт ба расонаҳо барои инъикоси фаъолияти мақомдорон дар ҳамаи минтақаҳои Қазоқистон ҷой дорад. Бино ба супоришҳои давлатӣ, расонаҳо фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, амалишавии барномаҳои давлатӣ, дастурҳои президенти пешин ва кунунии он кишварро инъикос мекунанд. Бино ба таҷриба, ин мавзуҳо аз паҳлуҳои мусбат инъикос мешаванд ва аз камбудиҳои мақомот ёд намешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки вазорати молияи Қазоқистон харҷи куллӣ барои расонаҳоро эълом намекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.