Шӯрои уламо мусиқии мамнуъ ва ҳаромро шарҳ дод

  • 30.11.2016, 09:55,
  • Дин
  • хонанда 2 072
  • 0
Дар пасманзари иддао, ки мусиқӣ бар асоси дини Ислом мамнуъ ва ҳаром аст, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард, ки на ҳамаи анвои мусиқӣ ҳаром мебошад. 

Шурои уламо дар посух ба суоли як корбараш изҳор доштааст, ки “ҳамаи анвои мусиқӣ ҳаром нест, балки мусиқие, ки барангезандаи шаҳват ва даъват ба фаҳшу бадгӯӣ ва ташвиқ ба гуноҳ бошад, мамнуъ аст”. 

Ин ниҳод дар идома иқтибос аз “Ривояти ибни Моҷа” овардааст, ки “ Расули Худо (с) ба Оиша (р) фармуданд: “Духтарро ба онҳо додед?” Гуфт: “Бале”. Он Ҳазрат (с) боз фармуданд: “Оё фарди овозхонеро ҳамроҳи ӯ фиристодед?” Оиша (р) гуфт: “Не”. Расули Худо (с) фармуданд: “Ансор қавме ҳастанд, ки овозхон доранд, кош касеро бо ӯ мефиристодед ва ин сурудро мехонд: “Мо пеши шумо омадем, мо пеши шумо омадем, Худованд мову шуморо саломат нигоҳ дорад”. 
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон