Ҳадиси ахлоқ

  • 27.03.2020, 07:30,
  • Дин
  • хонанда 415
  • 0

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

“Тавозӯъ мояи бузургӣ аст, тавозӯъ кунед, то Худо шуморо бузург кунад”.

“Шуҷоътарини мардум он кас аст, ки бар ҳаваси хеш тасаллут ёбад”.

“Беҳтарини касбҳо он аст, ки мард бо дасти худ кор кунад”.

“Беҳтарин ақсоми имон он аст, ки бидонӣ, ҳар ҷо ҳастӣ, Худо бо туст”.

“Садақа мӯҷиби фузунии мол аст, садақа диҳед, то Худо молатонро зиёд кунад”.

“Лаззати ҳасуд аз ҳама кас камтар аст”.

“Худоё! Маро ба илм тавонгар соз ва ба ҳилм зинат бахш ва ба тақво азиз кун ва ба офият зебоӣ деҳ!»

“Нотавонтарини мардум касе аст, ки аз дуо нотавон аст”.

“Хортарини мардум касе аст, ки мардумро хор шуморад”.

“Пушаймонтар аз ҳама дар рӯзи қиёмат, марде аст, ки охирати худро ба дунёи дигарӣ фурӯхта аст”.

Хонаводаи намуна

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон