Кӯдак ва Қуръон(қисмати дуввум)

  • 26.03.2020, 15:05,
  • Дин
  • хонанда 493
  • 0

Фаҳми Кӯдакон аз китоби Худо

Фаҳми Кӯдакон аз Қуръон дар давраи таҳаввул ва рушт фарқ мекунад. Бар асоси пажуҳишҳои анҷомшуда барои хурдсолон ва Кӯдакони то нуҳсола, аҳамияти китоби илоҳӣ бештар мутаваҷҷеҳи зоҳирии физикии он монанди андоза, ранг, навъи чоп ва истифодаи зиёд аз он мебошад, ки аз дигар китобҳо мутамоиз мешавад. Кӯдакон пас аз ин син то 12 солагӣ Қуръонро китоби бисёр қадимӣ, танҳо китоби комилан дуруст ё китобе медонанд, ки матолибе дар бораи Худо ва Паёмбар аз он меомузанд ва шинохти комилтар нисбат ба давраи пеш аз он ба даст меоваранд. Дар 12 то 15 солагӣ бар ин боваранд, ки Қуръон китоби судманд дар зиндагист, ки ба мо мегуяд чи коре бояд ва чи коре набояд анҷом дод ва дар муқоиса бо китобҳои дигар аз ҳуҷати беш ва боло бархурдораст ва маъорифи динии фаровоне дар он матраҳ шудааст.

Пас аз убур аз ин син ва вуруд ба дунёи бузаргсолон, ки бо булуғ оғоз мешавад фаҳми ин китоб ба манзалаи манбаъи асосии дин, ки аз ваҳй гирифта шудааст таҳаввул меёбад ва бар аҳамияти маънавӣ ва руҳонии он такя мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон