Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 147 ва дар Ӯзбекистон ба 15 нафар расид

  • 19.03.2020, 06:19,
  • Дин
  • хонанда 1 737
  • 0

Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон мутаносибан ба 147, 84, 51, 35 ва 15 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Қаблан шумораи гирифторони коронавирус дар Россия 114 нафар, дар Арманистон — 78, дар Беларус — 36, дар Қазоқистон – 33 ва дар Ӯзбекистон – 11 нафар буд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати субҳи 18 март дар Озарбойҷон — 34, дар Молдова — 30, дар Украина 7 ва дар Қирғизистон – 3 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 22 нафарро ташкил медиҳад , ки миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 200 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 8 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 82,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,4 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон