расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

. / Иқтисодиёт

Музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пастшавии сатҳи музди миёнаи меҳнат зиёда аз се фоиз ба қайд гирифта шудааст Дар Тоҷикистон андозаи музди миёнаи кор коҳиш ёфт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ 1444 сомонӣ (тақрибан 140 доллар) -ро ташкил дод", - омадааст иттилоияи ин ниҳод.
Ҳамин тариқ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ин рақам 3,4% коҳиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, дар музди камтар аз ҳисоби миёнаи кишварро коргарони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ мегиранд. Маоши онҳо 523 сомонӣ (50 доллар) аст.
Музди баландтарин ба кормандони миёнаравии молиявӣ (бонкҳо) ва суғурта - 3171 сомонӣ ($ 307) рост меояд.
Ин нишондиҳанда дар соҳаи истихроҷи маъдан беш аз 2,4 ҳазор сомонӣ, сохтмон - 2,4 ҳазор сомонӣ, дар соҳаи барқ ва об 2,1 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, ки музди ҳадди аққали меҳнат дар Тоҷикистон 400 сомонӣ (тақрибан 39 доллар) муқаррар шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.