расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Амири Қатар ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ба Тоҷикистон меояд

Асосӣ / Сиёсат

Амири Қатар ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ба Тоҷикистон меояд


Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Дар ин суҳбат Амири Қатар  Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар барои пирӯзӣ дар интихоботи 11-уми октябр табрик кардааст.  
Дар ин суҳбат, ки вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатарро баррасӣ шудааст, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “Тоҷикистон ба ҳамкориҳои ҷонибҳо, ки бар асоси манфиатҳои муштарак қарор доранд, баҳои баланд медиҳад”.
Дар хабарномаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳи ҳанӯз ҳам захираҳои истифоданашуда зиёданд.     
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин суҳбат ба Давлати Қатар барои ҳамкорӣ дар мубориза бо ин бемории сироятии COVID-19 изҳори сипос намудааст.
Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои  анҷом додани сафари давлатӣ ба Тоҷикистон пазируфтааст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.