Кумитаи дин нархи адои ҳаҷ дар соли 2019-ро эълон кард: пардохт тариқи "Ориёнбонк"

  • 04.05.2019, 14:01,
  • Дин
  • хонанда 62
  • 0

Кумитаи дин нархи адои ҳаҷ дар соли 2019-ро эълон кард: пардохт тариқи "Ориёнбонк"

 

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими “Ҳаҷ-2019”-ро муайян намуд
 Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомониро ташкил хоҳад дод.

“Кумитаи дин дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими “Ҳаҷ-2019”-ро муайян намуд, ки он 35 ҳазору 128 сомониро ташкил медиҳад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Кумита тавзеҳ додааст, ки ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо ғизо дар давоми мавсими ҳаҷ шомил мебошад.

Инчунин ба маблағи зикршуда таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо дар бораи ҳаҷ ва  таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдон низ дохил мебошад.

Кумитаи дин қайд намудааст, ки ҳаҷравандагон метавонанд маблағи зикршударо дар нуқтаҳои хизматрасонии “Ориёнбонк” пардохт намоянд.

https://ittiloot.com/tj/asos/5412-kumitai-din-narhi-adoi-a-dar-soli-2019-ro-jelon-kard-pardoht-tarii-orienbonk.html
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон