ШАРҲИ МОҶАРОИ ЭШОНИ АБДУЛҚОДИР АЗ ЗАБОНИ ХУДИ Ӯ

  • 17.03.2019, 16:13,
  • Дин
  • хонанда 565
  • 0
 

Абдуқодир Носиров, маъруф ба Эшони Абдулқодир, як рӯҳонии 34-солаи тоҷик се моҳ боз дар шаҳри Харкови Украина дар боздошт қарор дорад. Эшони Абдулқодир бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст. Ин рӯҳонӣ, ки дар пайи дар Интернет нашр шудани мавъизаҳояш шуҳрат ёфт, дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 189-уми Кодекси ҷиноятӣ ба барангехтани кинаву адоватӣ мазҳабӣ, дақиқтараш ба пайравӣ ба ҷараёни мамнӯи мазҳабии Салафия айбдор мешавад. Аммо худи Эшони Абдулқодир иттиҳоми салафигароиро рад карда, мегӯяд, ҳангоми таҳсилаш дар Арабистони Саудӣ пешниҳоди ҳамкорӣ бо мақомоти амниятии Тоҷикистонро напазируфт ва ба ин далел, таҳти таъқиб қарор гирифт.

Эшони Абдулқодир Носиров 27 сентябри соли 1984 дар Қӯрғонтеппа (ҳоло – Бохтар) дар хонаводаи Эшони Маъруфхӯҷа, як рӯҳонии дар водии Вахш шинохта, ба дунё омада, аз соли 2006 дар Арабистони Саудӣ таҳсил мекунад. Эшони Абдулқодир баъди хатми риштаи тафсир ва ҳадиси Донишгоҳи Малик Сауд дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ монд, то таҳсилашро дар аспирантура идома диҳад.

Дар ин миён чанд мавъизаи Эшони Абдулқодир дар маросими мухталиф, аз ҷумла дар намозҳои ҷаноза ба Интернет роҳ ёфт ва машҳур шуд.

Эшони Абдулқодир дар як мусоҳиба бо сомонаи "Ахбор” гуфт, баъди ин мақомоти амниятӣ аз паси вай афтоданд ва пешниҳод карданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунад. Тасдиқи ин иддао аз ҷониби манобеи дигар мушкил аст, вале ба гуфтаи Эшони Абдулқодир, ӯ ин пешниҳодро рад кард ва ба ин далел таҳти таъқиб қарор гирифт.

Танг шудани ҳалқаи таъқибот боис шуд, ки рӯзи 14 декабри соли 2018 ин рӯҳонӣ ба шаҳри Харкови Украина омад, то дар ин ҷо барои худ ҳаққи иқомат дуруст кунад. Аммо, мегӯяд Эшони Абдулқодир, вақте мақомот фақмиданд, ки ӯ аз Арабистони Саудӣ хориҷ шудааст, тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯяш қарор доданд. Се моҳ, вақте ӯ барои сабти ном ба пулиси Харков муроҷиат кард, исми ӯро дар рӯйхати Интерпол дида, боздошташ карданд.

Эшони Абдулқодир гуфт, ибтидо гунаҳкораш кардаанд, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва Миср бо ифротгароён вохӯрда, бо онҳо забон як кардааст. Вале вақте аснодаш, аз ҷумла шиносномаашро тафтиш карданд ва диданд, ки ӯ боре ҳам ба Миср ё Иморот нарафтааст, аз Душанбе айбномаи наве фиристоданд, ки тибқи он, Эшони Абдулқодир ба пайравӣ ба ҷараёни мамнӯи Салафия айбдор мешавад. Эшони Абдулқодир ин иттиҳомро низ рад мекунад ва мегӯяд, Салафӣ нест ва ҳама мавъизаҳояш бар пояи мазҳаби Ҳанафӣ мебошанд.

Ба ҳамин минвол, ин рӯҳонӣ инак се моҳ боз дар Харков мунтазири баррасии дархости истирдодаш ба Тоҷикистон дар боздошт қарор дорад. Тибқи қонунҳои Украина, баррасии парвандаҳои истирдод метавонад то як сол тӯл бикашад.

Эшони Абдулқодир дар посух ба дархости сомонаи "Ахбор” шарҳи кӯтоҳи моҷарояшро навиштааст, ки инҷо дар зер меорем. Тасдиқи иддаоҳои ӯ аз ҷониби манобеи дигар мушкил аст ва мунтазир мемонем, ки мақомоти Тоҷикистон ин иддаоҳоро расман шарҳ бидиҳанд

 

ШАРҲИ МОҶАРОИ ЭШОНИ АБДУЛҚОДИР АЗ ЗАБОНИ ХУДИ Ӯ

 

Ман, Носиров Абдуқодир (Эшони Абдулқодир), шахрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз хонадони яке аз рӯҳониёни маъруфи кишвар мебошам. Аз соли 2006 дар Арабистони Саудӣ меҳонам ва дар ин кишвар дар донишгоҳи Шоҳ Сауд риштаи забони арабиро тамом карда, баъд ба риштаи тафсир ва ҳадис доҳил шуда, онро ҳам хатм намудам, ва ҳоло дар мархалаи аспирантура (маҷистер)дар соли дуюмаш тахсил намуда, дар кисми, диншиносии ин марҳала ҳастам.

Мушкилотам аз ду сол пеш оғоз шудБаъд аз роҳ ёфтани наворҳоям дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ва мушоҳадаи унҳо аз ҷониби мардум боиси нороҳатии мақомоти кишвар шуд ва ба таҳдид шурӯъкарда, хостанд, ки таҳсиламро қать намуда баргардам ва пешниҳодҳои зиёде карданд, ки ман умуман розӣ нашудам.

Вақҳои оҳир таҳдиди унҳо авҷ гирифт ва ба хулосае омадам ки ба Украина омада шаҳрвандии инҷоро ба даст оварда тахсиламро идома диҳам. Рӯзи 10 октябри соли 2018 бори дувум ба Киев омада, баъд аз он ба Харков омадам ва барои икомаи доимӣ (вид на жительство) дархост кардам.

Баъд аз 10 рӯзи берун рафтанам аз шахри Риёз мақомот дарк карданд, ки ман шартҳои унҳоро қабул намекунам ва сарпечӣ кардаам ва дар Арабистони Саудӣ нестам. Унҳо рузи 3 декабри соли 2018 манро дар кофтукови байналмилалӣ доданд ва ман рузи14 декабр дар вақти дароз кардани санади иқомаи муваққатиам дастгир шудам.

Барои ман,мақомоти Украина фаҳмонданд ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо кадом террористе дар Имороти Араб даст доштаам. Ман ин итиҳомотро пурра рад кардам ва аз кишвари Тоҷикистон барои ин даъвоҳояш далел ва ҳуҷҷат ҳостам Зеро дар даъвои ҷониби Тоҷикистон омада буд, ки ман гӯё дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва дар кишвари Мисри Араб будам ва ҳамонҷо бо унҳо шинос шудаам. Ман дар ҳаётам ба ин ду кишвари номбурда сафар накардаам. Ва шиносномаии ман, ки санади давлатии ман аст, далолат бар ин мекунад. Ягон муҳр ё печати Имороти Араб ва Мисри Араб дар шиносномаам нест.

Баъд аз ин кишвари Украина аз мақомоти тоҷик далел ҳост ва маро барои хабси эхтиётӣ 40 рӯзмаҳкам карданд. Вале дар муддати ин 40 рӯз мақомоти Тоҷикистон натавонистанд даъвои худро исбот кунанд ва аз ин рӯ, даъвои худро дигар карднд. Барои мақомоти Украина санадеро пешниҳод карданд ки гӯё ман салафӣ ҳастам ва мардумро ба салафият даъват мекунам. Барои ин даъвоҳояшон, қарори додгоҳи вилояти Хатлонро равон карданд ки, дар он, имзои судя набуд, ва маълум буд, ки аз саросемагӣ фаромӯш карда буданд, зеро ин ҳама корҳояшон ғайриқонуню буда ва ба беасос будани иддаояшон далолат мекунад.

Як навореро низ ҳамчун далел роҳӣ кардаанд ки ман унҷо аз таърихи Паёмбари Ислом суҳбат мекунам. Вакте ки адвокати ман ин далелҳои беасосро рад кард, додситонии Украина барои дароз кардани ҳабси ман ба муддати 12 моҳ пофишорӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон ҳуҷҷати конеькунанда хост.

Ин дафъа Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастбакор шуда, санади додгоҳро бо имзои судя равон кард. Ва ҳамчунон пиромуни салафӣ будани ман аз кумитаи дин ва маркази исломшиносии назди президент низ ду номаи тасдиқкунанда равон карданд, ки дар онҳо низ ягон далеле нест. Ва дар умум хеч далеле надоранд барои ин даьвояшон.

Агар ман салафӣ мебудам, чаро дар муддати 12 сол маро дастгир накарданд, дар ҳоле ки ман хар сол дубор ба кишвар мерафтам? Танҳо баъди розӣ нашуданам ба пешниҳодҳои унҳо ин иттиҳоми беасосро бар ман карданд. Ва хостанд барои ҳамкорӣ накарданам ҷазоям диҳанд.

Ва ҳоло ҳукумати Тоҷикистон барои истирдодам аз ҳама роҳҳо истифода бурда истодааст. Адвокатҳои ман низ тамоми меҳнати худро карда истодаанд. Ва Аллоҳ чӣ нависта аст дар тақдирам,мунтазири он ҳастам ва умед дорам ки Аллоҳам осониро бароям равон намояд.

Зеро медонам ки ман мазлумам ва ҳеҷ ҷинояте накардаам. Ягона гуноҳам ин аст, ки ба амниятиҳо хамкор нашудам ва дар бозии сиёсии унҳо надаромадам, зеро наҳостам ки сӯистифода шавам.

Ин мухтасаре аст аз моҷароям.

 



назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон