1500 СОМОНӢ МУКОФОТ БАРОИ САГИ ДУЗДИШУДАИ ЗОЙИРОВ

  • 12.03.2019, 05:49,
  • Дин
  • хонанда 69
  • 0

Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои ҳар нафаре, ки сагаш бо номи Ҷозибаро ёфта диҳад, 1500 сомонӣ мукофот ваъда кардааст. Ин саги чӯпонии рангаш сиёҳро шаби 9 ба 10 март аз манзили Зойиров дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе дуздиданд. Зойиров дар Фейсбук навишт, ин саг барояш азизу бебаҳост ва мехоҳад ба ҳар қимате онро биёбад: "Овчаркаи осиёи миёнаги (ба точики «чупони»), рангаш «сиё», кадаш 65 сантиметр, вазнаш 58 килограмм, хама прививкахои (уколхои) тиббиро гузаштаги (5 укол), шиноснома дорад, гушу думаш буридаги нест, арзиши «Чозиба» барои ман бебахост, арзиши бозориаш 10 хазор сомони, хама фармонхои аз чумла «рострав», «боло», «поён», «фаро», «пар», «ист», «бишин», «бирафтем», «бо пеш» ва гайраро ичро мекунад, яъне саг пурра дрессировкаи касбиро гузаштааст, хамчун мухофизи сохиб вазифахои худро ба сифати аъло ичро мекард, ман аз синни як моха буданаш калон кардам, яъне хозир 2 солу 3 моха, ба кличкаи «Чозиба» ва «Чози» таваччух дода, овоз медихад.

БО САГДУЗДХО ЧАНГИ БЕАМОНЭЪЛОМ МЕКУНАМ!
ДИККАТ! МУКОФОТ – 1500 СОМОНИ!

Рузи 10.03. с. 2019 соати 00. 45, вакте ман аз сархади чумхури берун будам, аз ахли хонавода ба ман аз Душанбе занг зада хабар додаанд, ки тахминан аз соати ду соат кабл, яъне аз 22.30 то 23.30 шаби рузи 09.03. с. 2019 шахсони номаълум «Чозиба» - ро, яъне саги маро бо занчиру тачхизоташ аз хавличаи ман дар сурогаи кучаи Маяковский 45/1, хучраи 27, дуздиданд.
Пас аз ду соат, яъне соати 03.00 ман ба Худжанд, сахари рузи 10.03. 2019 соати 7.45 ба Душанбе, расидам. Дархол ба нозирони минтакави хабар карда, аз пушти пурсиш, тахкикоти ходиса ва ташкили кофту коби Чозибаро огоз кардам.
Аввал, чахор дехаи (махаллаи) наздикро аз назар гузарондем (Мехнатобод, Абдуллобеков, Чортеппа, Хаёти Нав». Паст Яккачинор ва Сагбозори колхози Россия. Агар аз соати 01.00 шаб то 7.45 сахари рузи 10.03. с. 2019 ба мошин 420 километрро ба воситаи мошин паси сар карда бошам, рузи 10.03. аз сахар то нисфишаб боз 100 км. ба воситаи мошин, 35 километр пиёда, паси сар кардам.
Аз сахари рузи 11.03. с. 2019, яъне имруз Аризаро оид ба дуздидани сагам, ба номи сардори ШВКД 1 – и нохияи Синои шахри Душанбе пешниход кардам ва ба кайд гирифта шуд.
Дар аризаи худ, аз ШВКД хохиш кардам, ки «чорабинихои оперативию чустучуи баргузор карда шуда, аз чумла видеокамерахои Светофори чоррахаи кучахои Абдуллобекова – Ч. Расулов, видеокамерахои созмонхои тичоратии дар кучаи хусусан Абдуллобекова ба тарафи Чортеппа, Ч. Расулов, Маяковский, Шерози, аз чумла, комбинати «Шир», Авранг, Шоми Душанбе ва гайра, аз соати 22.10 то 23.30 шаби рузи 9.03. с. 2019 санчида шавад.
Аз руйи саволу чавобу, дигар амалхои чустучуйи маълум гашт, ки дуздхо ду нафар будаанд, ки як кудаки тахминан 11-12 сола, «рохкушо» буд. Вакти дуздиро аз соати 22.10 то 23.10 мушаххас кардем.
Бо ин иттилоъ изхор мекунам, ки ба Сагдуздхо чанги беамон эълом мекунам. Мебинем, ин Сагдуздхои чинояткор ёки «Сагдуздхои супориши» мебошанд.
Ба хар шахрванди кишвар мурочиат карда, эълом мекунам: Шахсе, ки чойи чойгиршавии «Чозиба» - ро ва ному насаб ва сурогаи сагдуздхоро мукаррар намояд, ба у 1500 (як хазору панчсад сомони) мукофот дода мешавад.
Оид ба «Чозиба» чунин иттилоъ медихам:
Овчаркаи осиёи миёнаги (ба точики «чупони»), рангаш «сиё», кадаш 65 сантиметр, вазнаш 58 килограмм, хама прививкахои (уколхои) тиббиро гузаштаги (5 укол), шиноснома дорад, гушу думаш буридаги нест, арзиши «Чозиба» барои ман бебахост, арзиши бозориаш 10 хазор сомони, хама фармонхои аз чумла «рострав», «боло», «поён», «фаро», «пар», «ист», «бишин», «бирафтем», «бо пеш» ва гайраро ичро мекунад, яъне саг пурра дрессировкаи касбиро гузаштааст, хамчун мухофизи сохиб вазифахои худро ба сифати аъло ичро мекард, ман аз синни як моха буданаш калон кардам, яъне хозир 2 солу 3 моха, ба кличкаи «Чозиба» ва «Чози» таваччух дода, овоз медихад. Аксхои саг дар сайтхои «Озоди», «Фейсбук» ва гайра дар алохидаги ва якчоя бо ман, дар Интернет карор дорад.
Дар асоси дар боло зикргашта, аз Шумо эхтиромона хохиш мекунам:
Барои дарёфт кардани саги ман «Чозиба» мусоидат намоед;
ки дар бораи чойи чойгиршавии «Чозиба», ному насаб ва сурогаи сагдуздхо иттилоъ дошта бошад, ба ман хабар дихед!!!
Сурогаи ман: шахри Душанбе, кучаи Маяковский 45/1, хучраи 26
Тел.: 92 610 22 11; 92 610 22 58; Имайл: r.zoir@mail.ru


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон