НАВБАТИ БУЗУРГИ МУСАЛМОНОН БАРОИ ШИРКАТ ДАР НАМОЗИ ҶУМЪА ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

  • 08.03.2019, 15:53,
  • Дин
  • хонанда 187
  • 0

Bakht Ovarяк корбари Фейсбук видеои навбати бузурги мардум барои ширкат дар намози ҷумъа дар масҷиди "Проспект Мира”-и шаҳри Маскавро нашр кардааст. Дар видео дида мешавад, ки садҳо нафар барои ворид шудан ба масҷид аз ду тараф навбат гирифтаанд ва ин навбат ба масофаи тӯлоние тӯл кашидааст. Ба гуфтаи вай, ин навбати тӯлонӣ танҳо дар яке аз роҳҳои ба тарафи ин масҷид аст ва ҳамин гуна навбатҳои бузург ҳар рӯзи ҷумъа дар даромадгоҳҳои дигари масҷид низ мушоҳида мешавад. 

Корбарон менависанд, ҳамагӣ се масҷиди ҷомеъ барои шаҳри Маскав, ки дар ин шаҳр ва атрофи он чанд миллион мусалмон кору зиндагӣ мекунанд, дигар кофӣ нест ва бояд мақомоти пойтахти Русия ба бунёди масҷидҳои бештар иҷозат бидиҳанд. Муҳоҷирон шикоят мекунанд, ки дар роҳ ба сӯи масҷид дар рӯзҳои намози ҷумъа онҳоро кормандони пулис "шикор” мекунанд ва даҳҳо нафарро дар автобусҳои худ ҷамъ карда, пешниҳод мекунанд, ки агар аз намоз дер кардан нахоҳанд, 500-рублӣ дода, раванд, вагарна ба шуъба мебаранд ва ҳам ҷарима мешаванду ҳам аз намоз мемонанд.

 


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон