ДАРГУЗАШТИ ЯКЕ АЗ КОРГАРОНИ СОХТМОНИ МАСҶИДИ НАВИ ДУШАНБЕ

  • 28.02.2019, 07:51,
  • Дин
  • хонанда 219
  • 0

Аксҳо аз "Азия Плюс"

Давлатшо Юсупови 60-сола, яке аз 9 коргаре, ки субҳи 25 феврал ҳангоми корҳои сохтмонӣ аз гумбази масҷиди нави марказии Душанбе афтоданд, шаби 27 феврал дар бемористони Қарияи боло ба ҳуш наомада вафот кард. Бар асари он фалокат, ба гуфтаи табибон, ҷигари Давлатшо Юсупов кафида буд. Боз як коргари дигари осебдида дар бахши реаниматсияи бемористони Қарияи боло боқӣ мемонад, вале табибон мегӯянд, хатари ҷиддие ба саломатии ӯ таҳдид намекунад. Додститонии Душанбе дар робита ба ин ҳодиса парванда оғоз кардааст.

 

Бино ба гузориши "Азия Плюс”, шаби 27 феврал дар бемористони Қарияи боло Давлатшо Юсупов, сокини 60-солаи ноҳияи Рӯдакӣ аз олам чашм пӯшид. Давлатшо Юсупов аз ҷумла 9 коргари сохтмони бинои нави масҷиди марказии ҷомеи Душанбе дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ буд, ки субҳи 25 феврал бар асари шикастани зинапояҳо ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар гумбази масҷид аз баландии тақрибан 30 метр ба замин афтоданд.

 

Сулаймон Табаров, муовини сартабиби Маркази миллии тиббии "Шифобахш” ба "Азия Плюс” гуфт: "Яке аз коргарони сохтмони масҷиди марказиро дар ҳолати вазнин ба инҷо оварда буданд. Ӯ шаби гузашта ба ҳуш наомада, вафот карданд.”

Ба гуфтаи табибон, ҳангоми афтодан аз гумбази масҷид ҷигари Давлатшо Юсупов кафидааст.

Ҳоло дар бахши реаниматсияи бемористон як коргари сохтмони масҷид боқӣ мемонад. Вале табибон мегӯянд, хатари ҷиддие ба саломатии ӯ таҳдид намекунад.

Вазъи 6 маҷруҳи дигарро низ табибон муътадил арзёбӣ мекунанд.

Субҳи 25 феврал ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар боми гумбази бинои нави масҷиди марказӣ дар кӯчаи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе 9 коргар аз баландии 60 метр ба замин афтодаанд. 8 нафари онҳоро бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористони Қарияи боло хобонданд. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳангоми кор зинапояи зери пои ин коргарон шикастааст ва онҳо ҳама аз боми гумбази масҷид ба замин сарозер шудаанд.

Саидато Саидаброров

Asia-Plus

Саидато Саидаброров, яке аз коргарони маҷруҳ ба "Азия Плюс” гуфт, ҳодиса субҳи душанбе замоне рух дод, ки коргарон дар сохтмони масҷид зиёд набуданд: "Мисли ҳарвақта, корро оғоз кардем, тариқи зинапояҳо ба боло, ба гунбаз баромадем. Ҳодиса дар як лаҳза рух дод ва ман нафаҳмидам, ки чӣ гуна зинапоя шикасту мо ба замин афтодем.

Раҳматшо Исломов, коргари дигаре, ки низ ҷароҳати нисбатан сабук бардоштааст, гуфт, ки зинапоя тақрибан 30 – 35 метр баландӣ дошт: ” Вақте зинапоя шикаст, мо аввал ба зинапояи поёнӣ афтодем ва баъдан ба замин. Фикр мекунам, аз ин сабаб, ҷароҳатҳои нисбатан сабук бардоштем.”

Рахматшо Исломов

Asia-Plus

 

Прокуратураи шаҳри Душанбе вобаста ба ҳодисаи мазкур бо моддаи 190-и (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ,сохтмон ва дигар корҳо1) Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора аз Прокуратураи генералӣ ба "Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Барои вайрон кардани талаботи ин моддаи қонун, ҷарима дар ҳаҷми аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст. Агар ин ҳодиса боиси марги инсон шуда бошад, ҷазо дар шакли маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ баҳамин мӯҳлат пешбинӣ гардидааст.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣдар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил медиҳад.

Сохтмони ин масҷиди бузург ҳанӯз моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам, асосгузори мазҳаби Ҳанафия, ки аксари сокинони Тоҷикистон пайрави ҳамин мазҳабанд, оғоз ёфта буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам низ эълон шуда буд.

Тарҳи масҷидро меъморони Тоҷикистону Қатар омода кардаанд ва он аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд.

Барои бунёди ин масҷид, ки бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, дар умум беш аз 100 миллион доллар сарф мешавад, ки беш аз 70 миллион долларашро Қатар медиҳад.

Ҳамчунин дар паҳлуи масҷид бинои нави Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар майдони қариб 3 гектар барои 1500 толибилм қомат хоҳад афрохт. Бинои донишкадааз 7 қабат ва 5 қисм ё блок иборат хоҳад буд. Барои сохтмони Донишкадаи исломӣ ҳукумат 136 миллион сомонӣ, ё қариб 15 миллион доллар ҷудо кардааст. Санги асоси сохтмони онро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 майи соли 2018 гузошт.

Бунёди масҷиди бузургтарини Осиёи Марказӣ ва Донишкадаи исломӣ барои 1500 толибилм дар Душанбе дар ҳолест, ки дар солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон барои саркӯби озодиҳои мазҳабӣ таҳти интиқод қарор гирифтааст.

Вазорати хориҷаи Амрико бар асоси гузориши комиссияи озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои мавриди нигаронии хос дар масъалаи риояи озодиҳои динӣ ворид кардааст. Бино ба ин гузориш, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пештози дунё дар масъалаи маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабии мардумаш табдил ёфтааст.

Моҳи январ мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон эълон карданд, ки дар як соли охир беш аз 1700 масҷид ба сабаби нодуруст будани аснодашон баста шуданд.

Ҳамин тавр, аксарияти кулли мадрасаҳое, ки дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон фаъолият мекарданд, баста шуда, танҳо мактаби олие, ки толибилмони тоҷик метавонанд таҳсили динӣ бигиранд, ҳамин Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам боқӣ мондааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон