ПИНГ-ПОНГ БА ҶОИ НАМОЗ: ДАР ЯК СОЛ ТАНҲО ДАР ДУ НОҲИЯ 123 МАСҶИД БАСТА ШУД

  • 10.02.2019, 07:07,
  • Дин
  • Хонанда: 242
  • 0

Дар деҳаи Ҷиккаки Исфара масҷидро ба ... майдони тенниси рӯимизӣ ё пинг-понг табдил додаанд.

Соли 2018 танҳо дар ду ноҳияи шимоли Тоҷикистон 123 масҷид баста шуд. Дар Исфара фаъолияти 56 масҷид ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 67 масҷидро қатъ кардаанд. Биноҳои масҷидҳои басташударо ба чойхона, боғчаи кӯдакон, бунгоҳи тиббӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва дар маҳаллаи Ҷиккаки  ҷамоати Сурхи Исфара масҷидро ҳатто ба ... майдони тенниси рӯимизӣ табдил додаанд. Аммо мақомоти Кумитаи дин вуҷуди кадом нақшаи вижаи кам кардани шумори масҷидҳо дар Тоҷикистонро рад карда, далел меоранд, ки соли гузашта дар шаҳру деҳоти Ваҳдат 98 масҷиди қаблан басташуда дубора иҷозати фаъолият ба даст оварданд. Кумитаи дин як сол пеш хабар дода буд, ки дар кишвар беш аз 1700 масҷид «самти фаъолияти худро дигар кардааст.»

 Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сомонаи "Ахбор” хабар дод, ки соли 2018 дар ин ноҳия 67 масҷид фаъолияташро қатъ кардааст.

Ин манбаъ мегӯяд: "Дар ҳудуди ноҳияи Ғафуров 183 масҷид амал мекард. Соли гузашта 67 масҷид ба далели фаъолияти ғайриқонунӣ, надоштани иҷозатнома, ҷавоб надодан ба меъёрҳои санитарӣ ва шароити бади масҷидҳо баста шуданд. Ҳамчунин бархе масҷидҳо тариқи худбарҳамдиҳӣ бо дархости муассисонашн ва як шумори дигар ба далели кам шудани шумораи намозгузорон қатъи фаъолият карданд.”

Манбаи "Ахбор” гуфт, аксари масҷидҳои басташуда "самти фаъолияти худро дигар карда”, ба иншооти маданиву иҷтимое, чун чойхона, боғчаи кӯдакон, бунгоҳи тиббӣ табдил дода шуданд. Ҳамчунин бинои 17 масҷид ба идораи кумитаи маҳалла, 5 масҷид ба коргоҳи дӯзандагӣ, 2 масҷид ба толри варзишӣ, 7 масҷиди дигар ба китобхонаву марказҳои таълимӣ табдил дода шудаанд.

Ҳоло дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 387 ҳазор аҳолӣ 116 масҷид, аз ҷумла як масҷиди ҷомеи марказӣ, 16 масҷиди ҷомеъ, 98 масҷиди панҷвақта ва ҳамчунин як калисои масеҳии Сунбогим фаъолият доранд.

Мақомоти Ғафуров таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди манъи фаъолияти 67 масҷид, шумораи масҷидҳо дар ин ноҳия назар ба шумораи мактабҳо боз ҳам бештар аст. Дар Ғафуров ҳоло 88 мактаб ва 35 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 13 кӯдакистони хусусӣ амал мекунанд.

Қаблан раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ҳам, вақте дар бораи қатъи фаъолияти 56 масҷид дар шаҳру 12 ҷамоати Исфара хабар дод, ба ҳамин нукта – боз ҳам нисбат ба мактабҳо бештар будани шумораи масҷидҳои боқимонда дар Исфара таъкид кард.

Саломзода рӯзи 29 январ дар нишасти хабариаш гуфт, 56 масҷиде, ки ғайриқонунӣ – бидуни иҷозатнома, ё бо шароити ғайрисанитарӣ фаъолият доштанд, ба иншооти иҷтимоие, чун кӯдакистону бунгоҳи тиббӣ ва чойхона табдил дода шуданд.

Дар маҳаллаи Ҷиккаки ҷамоати Сурхи Исфара, тавре корбарони Интернет хабар доданд, бинои собиқи масҷидро ҳатто ба ... майдони бозии тенниси рӯимиз ё пинг-понг табдил додаанд. (ДАР АКС)

Сиҷоуддин Саломзода гуфт: "Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Исфара ва 12 ҷамоаташ 112 масҷид, аз ҷумла як масҷиди марказӣ, 11 масҷиди ҷумъахонӣ ва 100 масҷиди панҷвақта амал мекунанд, ки ин назар ба шумораи мактабҳо бештар аст. Дар Исфара барои 268 ҳазор аҳолиаш 85 мактаб вуҷуд дорад, ки се мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Дар Исфара ҳамагӣ 30 муассисаи томактабӣ амал мекунад ва мутаассифона, ягон кӯдакистони хусусӣ нест.”

 

Як сол пеш Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар як соли қаблӣ дар кишвар беш аз 1700 масҷид қатъи фаъолият кардаанд. Раиси ин Кумита Сулаймон Давлатзода ин ҳафта дар нишасти хабарии имсолааш дар бораи шумораи умумии масҷидҳои дар як соли охир дар Тоҷикистон басташуда рақаме наовард, вале вуҷуди кадом як нақшаи вижаи кам кардани шумораи масҷидҳоро рад кард.

Давлатзода гуфт, касе дар Тоҷикистон ҳуқуқи диндоронро поймол намекунад ва масҷидҳое, ки фаъолияташон қатъ шудааст, дар сурати ҷамъ овардани асноди лозим метавонанд дубора сабти ном шаванд. Ӯ аз ҷумла шаҳри Ваҳдатро мисол овард, ки соли 2018 дар шаҳру деҳоти ин минтақа ба 98 масҷиди қаблан басташуда дубора иҷозати фаъолият додаанд.

Бастани садҳо масҷид як мавзӯи интиқодҳои шадид аз мақомоти Тоҷикистон барои поймол кардани озодиҳои динӣ боқӣ мемонад. Департаменти давлатии Амрико моҳи декабри соли 2018 Тоҷикистонро боз ба далели саркӯби муназзам, доим ва шадиди озодиҳои динӣ ба рӯйхатти сиёҳи давлатҳои мавриди нигаронии хос шомил кард. Тоҷикистон инак соли сеюм аст, ки дар ин рӯйхатти сиёҳи Амрико шомил мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон