АВВАЛИН ҚАЗИЯИ МАНЪИ ҲИҶОБ ДАР ДОДГОҲҲОИ ӮЗБЕКИСТОН

  • 07.02.2019, 06:27,
  • Дин
  • Хонанда: 188
  • 0

Додгоҳи маъмурии ноҳияи Шайхонтохури шаҳри Тошканд ба баррасии даъвои падари як донишҷӯи 17-солаи литсейи найзди Академияи байналмилалии исломӣ оғоз кардааст. Маъмурияти Академияи исломӣ моҳи сентябри соли 2018 бо ҳиҷоб ба дарс омадани духтарони донишҷӯро манъ кард. Баъди ин духтарони донишҷӯ маҷбур шуданд, ки қабл аз вуруд ба мактаб ҳиҷобҳои худро кашида, ба сарашон парик андозанд ё тоқии миллӣ бипӯшанд. Абдувоҳид Яъқубов, падари духтаре, ки ба додгоҳ даъво бурдааст, қарори манъи ҳиҷобро ғайриқонунӣ шумурда, мегӯяд, аз додгоҳ ҳуқуқи духтарашро талаб хоҳад кард.

Ҳурмат Бобоҷонов/Радиои «Озодлик»

Адвокат Абдувоҳид Яъқубов ба радиои "Озодлик” гуфт, ки додгоҳи маъмурии ноҳияи Шайхонтохури пойтахти Ӯзбекистон баррасии даъвои ӯро се моҳи тамом тӯл дод ва танҳо 5 феврал ба муҳокимааш оғоз кард.

Абдувоҳид Яъқубов мегӯяд: "Танҳо баъди ин ки додситонии шаҳри Тошканд аз ҷониби додгоҳи ноҳия рад шудани даъвои маро беасос донист, додгоҳ билохира даъвоямро қабул кард. Духтари ман ноболиғ аст ва азбаски ман худам адвокатам, қарор кардам, ки худам аз ҳаққи вай дар додгоҳ ҳимоят кунам. Ман дар даъвоям бекор кардани қарори дохилии маъмурияти Академияи байналмилалии исломиро талаб дорам, чунки қарори манъи бо рӯймол ба дарс омадани донишҷӯёни Академия ва литсей мухолифи Қонуни асосии Ӯзбекистон ва санадҳои байналмилалиест, ки Ӯзбекистон имзо кардааст.”

Қаблан гузориш шуда буд, ки моҳи сентябри соли 2018 маъмурияти Академияи байналмилалии исломӣ ба духтарони донишҷӯ иштирок дар дарсҳо бо ҳиҷобро манъ кардааст.

Дар видеое, ки радиои "Озодлик” нашр кард, дида мешуд, ки духтарони толибилм қабл аз вуруд ба бинои литсей ва Академияи исломӣ ҳиҷоби худро аз сар гирифта, ба ҷояш тоқии миллӣ ваё парик мепӯшанд.

Абдувоҳид Яъқубов мегӯяд, духтари вай ҳам маҷбур шуд, ба сар парик пӯшад: "Агар вай ба далели манъи ҳиҷоб ба дарс намерафт, маро метавонистанд барои мамониат ба таҳсили фарзандам ба додгоҳ бикашанд. Қарори роҳбарони академия ва литсей маро дар як ҳолати дар ҳақиқат ногувор қарор дод.”

Аз аввали сол дастикам 4 духтари донишҷӯро аз Академияи байналмилалии исломӣ ба сабаби ба дарс наомадан хориҷ кардаанд. Яке аз онҳо Луиза Мӯъминҷоноваи 19-сола ба радиои "Озодлик” гуфт, сабаби ихроҷи ӯ маҳз масъалаи манъи ҳиҷоб буд: "Ба ман гуфтанд, ки "Интихоб кун – ё ҳиҷоб, ё дарс.” Ман ҳиҷобро интихоб кардам.”

Ёвари ректори Академияи байналмилалии исломии Тошканд дар суҳбат бо "Озодлик” тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат бо ҳиҷоб ё рӯймол ба дарс омаданро барои духтарони донишҷӯ дар ин мактаб манъ кардаанд. Ӯ мегӯяд, дар Академия тартиби қатъии пӯшидани либос амал мекунад, ки он нафақат ҳиҷоб, балки пӯшидани ҷинсу доман(юбка)-и кӯтоҳро низ манъ мекунад: "Мо як либоси умумӣ барои донишҷӯён дорем, ки вазорати маълумоти олӣ тасдиқ кардааст. Тамоми донишҷӯён, аз ҷумла донишҷӯёни мактаби мо бояд бо чунин либос ба дарс биоянд.”

Ёвари ректори Академияи исломӣ гуфт, маъмурияти ин мактаб аз даъвои додгоҳии падари яке аз толибилмонаш хабар дорад: "Намояндаи мо дар додгоҳ иштирок мекунад. Вале мо дар ин бора ҳанӯз шарҳе дода наметавонем, чунки мурофиа ба анҷом нарасидааст.”

Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон дар Тошканд моҳи апрели соли 2018 бо фармони раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар заминаи Академияи исломии Ӯзбекистон ва Донишкадаи исломии Тошканд таъсис ёфта буд. Дар ин мактаби олӣ фанҳое, чун таърихи ислом, фиқҳи исломӣ, ақида, тасаввуф, иқтисод ва молияи исломӣ ва ҳамчунин забонҳои хориҷӣ – арабӣ, форсӣ, англисӣ, русӣ, урду, турки ва немисӣ таълим дода мешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон