МӮЪҶИЗА ҲАМАГӢ ЧАНД ДАВОМ КАРД: ХОЛМАҲМАД УМАРОВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

  • 04.01.2019, 07:13,
  • Дин
  • Хонанда: 216
  • 0

Холмаҳмад Умаров, сокини 55-солаи деҳаи Хоҷасиддиқ (собиқ Илич)-и Ҳисор, рӯзи 2 январ дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид ва нимаи дуюми ҳамон рӯз ӯро дар оромгоҳи Хоҷасиддиқ ба хок супурданд. Холмаҳмад Умаров рӯзи 28 декабр зери чархи мошин ҷароҳатҳои вазнин бардошт ва дар бемористони Ҳисор хулоса доданд, ки ӯ фавтидааст. Вале вақте дар деҳа ба дафни ӯ омодагӣ медиданд ва гӯрашро ҳам дар оромгоҳ канданд, Холмаҳмад дубора ба нафаскашӣ даромад. Вале ин мӯъҷиза дер давом накард ва баъди чанд рӯз Холмаҳмад дар бемористони Қарияи боло ҷон дод.

Холмаҳмад Умаров дар бинои панҷуми бемористони Қарияи боло чанд рӯз дар ҳолати кома қарор дошта, билохира рӯзи 2 январ, соати 11 фавтидааст. Худи ҳамон рӯз, соати 15 дар масҷиди деҳаи Хоҷасиддиқи ҷамоати Дурбати ноҳияи Ҳисор намози ҷанозааш доир шуд ва Холмаҳмадро ба хок супурданд.

Аз Холмаҳмад Умаров, ки 55 сол дошт, 7 фарзанд – се писару 4 духтар, ки ҳамаашон оиладоранд, ба мерос монд.

Исми ин мард чанд рӯз пеш ба сабаби ба таври мӯъҷизаомез пеш аз маросими дафн дубора зинда шуданаш расонаӣ шуд. Ин хабарро сомонаи "Ахбор” нашр кард.

Сокинони деҳаи Хоҷасиддиқ ба "Ахбор” хабар доданд, ки сокини ин деҳа Холмаҳмад Умаров, ки дар фермаи раиси собиқи Ҳисор Маҳмадалӣ Тӯхтаев ронандаи трактор буд, шоми 28 декабр, ҳангоми бозгашт аз ҷои кор дар гардиши деҳаи Дурбат дар роҳи Раёсати БДА – Турдибобо – Ҳисор зери чархи мошин мондааст.

Ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳри Ҳисор оварданд, вале дар бемористон ба наздикони Холмаҳмад гуфтаанд, ки ӯ алакай ҷон додааст.

Холмаҳмадро наздиконаш ба деҳаи Хоҷасиддиқ мебаранд ва барои дафн омода мекунанд. Сокинон мегӯянд, ки дар оромгоҳи деҳа қабрканҳо барои гӯручӯби Холмаҳмад қабр ҳам канданд, ки хабар омад, ки ӯ ҳанӯз зинда аст.

Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати "Ахбор”, вақте мурдашӯйҳо мехоҳанд пеш аз дафн Холмаҳмадро бишӯянд, нафаскашии ӯро мешунаванд. Сокини дигари Хоҷасиддиқ гуфт, аз нафас кашидану дубора тапидани дилаш ва зинда будани Холмаҳмад Умаров вақте огоҳ шудаанд, ки ӯро алакай кафан карда буданд. Баъди ин, ба гуфтаи вай, кафанро дарронда, ӯро аз даруни кафан берун кашидаанд ва ба бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе бурдаанд.

Дар гузашта низ дар Тоҷикистон чандин чунин мавриди қабл аз гӯручӯб дафн зинда будани нафаре, ки ба хок месупурданд, сабт шудааст. Дар бисёр мавридҳо табибон ё наздикон марги клиникиро аз марги биологӣ ташхис дода наметавонанд ва фикр мекунанд, ки беморашон алакай ҷон додааст, вале дубора ба кор даромадани дили бемор ва нафас кашиданаш сабаби наҷоти дубораи ӯ шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон