БОЗДОШТИ МУНЪИМ АЗРАТҚУЛОВ БО ЛАҚАБИ “МИШЕЛ” (ВИДЕО)

  • 30.11.2018, 07:06,
  • Дин
  • Хонанда: 147
  • 0

Азратқулов Мунъим Соҳибқулович, сокини 40-солаи деҳаи Даштаки ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми фирор ба шаҳри Маскав дастгир шудааст. ВКД мегӯяд, "Мишел” ҳамроҳи сокини 30-солаи маҳаллаи Хичордеви Хоруғ Гадомадов А.Ф. моҳи январи соли ҷорӣ ба хонаи сокини Душанбе Давлатов Х.Қ. зада даромада, бо таҳдид аз таппончаи Макаров аз 9300 доллар ва 10 ҳазор сомониро бо зӯр кашида гирифтаанд. "Мишел” бар асоси моддаи 249-уми КҶ ба ғоратгарӣ айбдор мешавад. Ӯ қаблан бо ҳамин ҷурми ғоратгарӣ дар Русия низ маҳкум ба зиндон шуда буд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 29 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Маълумотнома нисбати Азратқулов Мунъим Соҳибқулович, бо тахаллуси «Мишел»

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 ноябри соли 2018 шаҳрванд Азратқулов Мунъим Соҳибқулович, бо тахаллуси «Мишел», 15.03.78 с/т, зода ва сокини ноҳияи Шуғнон, Ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Даштак ҳангоми фирор намудан ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Шаҳрванд Азратқулов М.С. санаи 05.01.2018 бо маслиҳати пешакӣ бо шарикаш шаҳрванд Гадомадов А.Ф. 06.11.88 с/т, зодаи шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Хичордев, сокини ш. Душанбе кӯчаи Клагенфурт хонаи 3/2 ҳуҷраи 51 бо истифода аз таппончаи тамғаи «Макаров» ба шаҳрванд Давлатов Х.Қ. таҳдид намуда, аз ӯ маблағи пулиро дар ҳаҷми 9300 доллари ИМА ва 10 000 сомонӣ, ки ҷамъ бо пули миллӣ 92 000 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, ба шаҳрванд зарари махсусан калон расонида, бо ин кидораш ҷинояти дар моддаи 249 қисми 4 (Роҳзанӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудаанд.

Номбурда айни ҳол ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Азратқулов М.С. қаблан барои содир намудани ғоратгарӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз ҷониби суди ноҳияи Никулинскийи шаҳри Москва ба ҷовобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуда, номбурда дар муассисаи ислоҳии № 5 шаҳри Владимири вилояти Владимир ҷазои маҳрумӣ аз озодиро адо намудааст.

Пахш намудани пиёдагарди хурдсол дар роҳ

Рӯзи 28-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс”, Баҳриддини Нурӣ Маҳмадализода, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Корез ба самти деҳаи Ғиҷоваки ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Тоҷиев Музамин Абдусатторович, соли таваллудаш 2009, сокини деҳаи Ғиҷовак, хонандаи синфи 3-юми МТМУ-ро пахш кардааст.

Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш ноболиғ Тоҷиев М.А ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи 26-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Ҷип-Гран-Широкӣ”, Раҳимов Ҳотам Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи Борбади шаҳри мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Абдуллоев Аҳмад Файзуллоевич, соли таваллудаш 1961, сокини кӯчаи С.Сангови ҳамин шаҳрро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ғорат намудани ҷузвдони занона

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 30-солаи сокини кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки санаи 28-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 16:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Шерализодаи пойтахт қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ ҷузвдонашро, ки дар дохилаш 300-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Айфон-1” буд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Фиреби шаҳрвандон бо сӯиистифода аз боварӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 36-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 17-уми сентябри соли 2018 марди 37-солаи сокини кӯчаи Фирдавсӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 175000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 31-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2013, марди 29-солаи сокини маҳаллаи Борбад бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 9200-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон