БЕЛАРУС ФУТБОЛБОЗИ РИШДОРИ ТОҶИКРО БАЪДИ 70 РӮЗ ОЗОД КАРД

  • 29.11.2018, 06:25,
  • Дин
  • Хонанда: 95
  • 0

Мақомоти Беларус баъди 70 рӯзи боздошт Парвиз Турсунов, ҳимоятгари собиқи дастаи футболи "Хайр”-и Ваҳдатро озод кард. Ӯро баъди раҳоӣ ба Украина фиристодаанд.Турсунов рӯзи 18 сентябр, дар фурудгоҳи Минск замоне дастгир шуд, ки мехост ҳамроҳи зану фарзандонаш тавассути Беларус ба ягон кишвари Аврупо биравад. Мақомоти Тоҷикистон ин футболбози собиқро, ки бо риши дарозаш машҳур буд, ба пайравӣ ба равияи мамнӯи мазҳабии Салафия айбдор мекунанд.

Сайёра Субҳонова, ҳамсари Парвиз Турсунов, рӯзи 28 ноябр дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” раҳоии ӯро тасдиқ кард:  "Бале, Парвизро рӯзи 28 ноябр ҷавоб доданд. Худоро шукр,  ба некӣ тамом шуд ҳамааш.”

Ҳамсари ӯ аз гуфтани ҷузъиёти дигар дар бораи куҷо будани Парвиз Турсунов ва дигар аҳли хонаводааш худдорӣ кард.

Як манбаи радиои "Озодӣ” гуфтааст, ки мақомоти Беларус футболбози собиқи тоҷикро ба Украина пас фиристодаанд. Ба гуфтаи ӯ, шарти мақомоти Беларус барои раҳоии Парвиз Турсунов чунин будааст, ки ба Украина биравад.

Парвиз Турсунов рӯзи 18 сентябр ҳамроҳи зану фарзандонаш бо парвози Истанбул – Одесса – Минск ба Беларус омад, то тавассути ин кишвар ба Полша рафта, дархости паноҳандагӣ кунад. Аммо дар фурудгоҳи Минск ҳангоми тафтиши шиносномаи Парвиз Турсунов маълум шуд, ки ӯ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст. Турсуновро боздошт карда, ба боздоштгоҳи рақами яки Минск бурданд ва зану 4 фарзанди ӯро баъди се рӯз ба Украина фиристоданд, чунки дар шиносномаҳои онҳо мақомоти Туркия муҳри ихроҷ (депортатсия) зада буданд.

Парвиз Турсунов, ки ҳоло 43 сол дорад, ҳимоятгари дастаи "Хайр”-и шаҳри Ваҳдат буд. Моҳи апрели соли 2011 сармураббии даста Тоҳир Мӯъминов ба Турсунов гуфт, ки ӯро аз даста ихроҷ мекунанд, чунки "мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намехоҳанд, ки ин футболбоз бо риши мисли риши мулло ба майдон барояд.”

Парвиз Турсунов он замон гуфт, ки агар интихоб байни риш ва бозии футбол бошад, ӯ ришро интихоб мекунад ва омода аст тарки футбол кунад. Ӯ гуфт, "футбол моли дунёст ва риш – суннати Паёмбар. Ман барои моли дунё шуда, аз баҳри суннати Паёмбар намегузарам.”

Ин қазия дар сархатти ахбори расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифт ва билохира ба Парвиз Турсунов иҷозат доданд, ки ба футболбозӣ идома диҳад. Вале баъди чанде, вақте вазъият ором шуд, ӯро аз дастаи "Хайр” ронданд.

Парвиз Турсунов баъди ин бо аҳли оилааш ба Имороти Араб ва сипас ба Туркия рафта, чанд сол дар он ду кишвар соҳибкорӣ кард. Рӯзи 18 сентябр ӯ бо зану 4 фарзандаш аз Истанбул тавассути Одесса ба шаҳри Минск чиптаи парвоз гирифтанд ва мехостанд дар ягон кишвари Аврупо паноҳанда шаванд.

Аммо дар фурудгоҳи Минск ҳангоми гузаштан аз хатти марз Парвиз Турсуновро ба ин далел, ки таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, дастгир карданд.

Дар Тоҷикистон ба зидди ӯ бар асоси ду иловаи моддаи 307 бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ ва ташкили ҷамъияти ифротӣ парванда оғоз кардаанд. Моддаи 307 маъмулан барои парвандаҳои ангезаҳояшон сиёсӣ ва динӣ истифода мешавад.

Сайёра Субҳонова, ҳамсари Парвиз Турсунов баъди боздошти ӯ дар як сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт, шавҳари ӯ намозхон буд, вале дар фаъолиятҳои сиёсӣ даст надошт: "Парвиз мазҳабӣ буд, риш мемонд, намозашро мехонд, вале ҳеҷ гоҳ ба сиёсат кор надошт ва дар ягон ҷо лаб ба танқиди ҳукумат накушодааст. Мазҳабӣ буд, вале сиёсӣ набуд. Ман, ростӣ, намедонам, ки барои чӣ моро ин қадар азоб медиҳанд?”

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон