ЯК ВИДЕОИ НОДИР АЗ ДАВРАИ ҶАВОНИИ ЭШОНИ НУРИДДИНҶОН ВА ҲОҶӢ АКБАРИ ТӮРАҶОНЗОДА

  • 23.10.2018, 07:52,
  • Дин
  • Хонанда: 174
  • 0

ЯК ВИДЕОИ НОДИР АЗ ДАВРАИ ҶАВОНИИ ЭШОНИ НУРИДДИНҶОН ВА ҲОҶӢ АКБАРИ ТӮРАҶОНЗОДА

Ба дасти сомонаи "Ахбор" видеое расид, ки ҳанӯз дар солҳои 80 сабт шудааст ва давраи ҷавонии Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонро нишон медиҳад. Ин видео дар маъракае ҳанӯз дар замони Шӯравӣ сабт шуда ва дар он Эшони Нуриддинҷон, ки ҳанӯз ҳатто риш надорад, сураеро аз "Қуръон” қироат мекунад ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаи низ ҳанӯз хеле ҷавон бо риши кӯтоҳи сиёҳ дар паҳлуяш нишастааст ва бо завқ сар меҷунбонад.

 

 

Ин видеоро яке аз мухлисони хонадони Тӯраҷонзодаҳо ба сомонаи "Ахбор” фиристод. Ба гуфтаи ӯ, ин навор дар солҳои 80, вақте ки нахустин видеокамераҳо пайдо шуданд, дар як маърака дар кассетаи VHS сабт шудааст. Бо гузашти вақт сифати навор хеле коҳиш ёфтааст, вале дар он чеҳраҳои ҳанӯз хеле ҷавони Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба хубӣ дида мешаванд.

Эшони Нуриддинҷон дар ин навор ҳанӯз риш надорад ва рӯи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро, ки дар паҳлуи бародари калониаш нишастааст, риши сиёҳи кӯтоҳ зеб додааст.

Эшони Нуриддинҷон дар навор сураеро аз "Қуръон” қироат мекунад ва мардум бо ваҷд ба қироаташ гӯш медиҳанд.

 

Эшони Нуриддинҷонки 65 сол дорадфарзанди калонии Эшони Тӯраҷон ва бародари қозии собиқимусулмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мебошадЭшони Нуриддинҷон баъдидаргузашти падараш роҳбарии муридони ӯ аз шохаи ҷаҳрияи тариқати Нақшбандияи аҳли Сӯфияро ба дасти худ гирифт.

Бародари ӯ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, ки 64 сол дорад, дар даврони Шӯравӣ ибтидо дар мадрасаи Бухорову сипас дар Донишкадаи исломии Тошканд ва ниҳоятан дар Урдун таҳсил кард ва соли 1988, дар синни 34-солагӣ қозии мусалмонони Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар поёни соли 1992, бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ тарки Тоҷикистон кард ва то соли 1998 дар Эрон паноҳ бурд. Ӯ бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин муовини сарвазири Тоҷикистон интихоб шуд ва то соли 2006 дар ин мақом кор карда, баъдан то соли 2010 вакили Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.

Тӯраҷонзодаҳо,ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Тоҷикистон карда будандбаъди бозгашташон дар зодгоҳи худ – деҳаи Туркобод (ҳоло–Ваҳдатобод)-и Ваҳдат масҷиди мӯҳташамеро бо номи масҷиди "Муҳаммадия” сохтандки ба маҳзи маъвизаҳои Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Маҳмудҷон ба яке аз пуртарафторин масоҷид дар Тоҷикистон табдил ёфт ва ҳар рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон барои адои намози ҷамоат ва шунидани маъвизаҳои навбатии Тӯраҷонзодаҳо садҳо километр роҳро тай кардаба Туркобод меомаданд.

Аммо дар соли 2012 раиси нави Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода Эшони Нуриддинҷонро ба баргузории маросими бештар ба шиаҳо хоси Ошӯро айбдор кардБа дунболмақомот масҷиди Тӯраҷонзодаҳоро ба масҷиди панҷвақта табдил додаин рӯҳониёни маъруфро аз ҳаққи имоматӣ ва мавъиза гуфтан маҳрум карданд.

Тӯраҷонзодаҳо талош кардандто аз тариқи додгоҳ мақоми масҷиди ҷомеъро барои масҷидашон барқарор кунандвале ин талошҳояшон натиҷа надод.

Дар пасманзари саркӯбҳои ахири рӯҳониён дар Тоҷикистон Тӯраҷонзодаҳо амалан дар ҳошия қарор дода шудаанд ва дар зодгоҳи худ Ваҳдатобод ба сар бурда, дигар тақрибан дар ҳеҷ ҷое мавъиза намекунандҲарчӣ дар Интернет чоп мешавадасосан аз суханрониҳои чанд сол пеши ин рӯҳониёни машҳур аст.

Бори охир исми бародарон Тӯраҷонзодаҳо моҳи октябри соли 2017, вақте расонаӣ шудкиЭшониНуриддинҷонҲоҷӣ Акбар ва Эшони Маҳмудҷон барои фотиҳахонаӣ ба ноҳияи Данғара баманзили Нуриддин Раҳмон - бародари марҳуми президент Эмомалӣ Раҳмон рафтанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон