ЭЪТИРОЗИ ДУХТАРОНИ ТОҶИКИ ҲИҶОБПӮШ ДАР ҚАЗОҚИСТОН (2 ВИДЕО)

  • 05.09.2018, 14:19,
  • Дин
  • Хонанда: 311
  • 1

Ҳудуди 200 духтари ҳиҷобпӯш аз деҳаи тоҷикнишини Фирдавсиро дар ноҳияи Мактарал (собиқ Пахтаарал)-и вилояти Туркистони Қазоқистон чанд рӯз ба далели ҳиҷоб пӯшиданашон ба мактаби ба номи Фирдавсӣ роҳ дода намешаванд. Дар назди дарвозаи мактаб кормандони пулис истодаанд ва хонандагонеро, ки ҳиҷоб доранд, иҷозати гузаштан намедиҳанд. Дар видеое, ки ба сомонаи "Ахбор” расид, дида мешавад, ки як гуруҳи духтарони ҳиҷобпӯш бо кумаки волидонашон мехоҳанд базӯр вориди мактаб шаванд, вале мақомот дарро маҳкам дошта, монеи вуруди онҳо мешаванд.

Дар видеое, ки ба дасти сомонаи "Ахбор” расид, лаҳзаҳои рӯёрӯии духтарони ҳиҷобпӯш ва волидони онҳо бо намояндагони мақомот ва милисаҳое, ки дар назди дарвозаи мактаб гузошта шудаанд, дар рӯзи 1 сентябр сабт шудааст.

Дар видео як мард бо забони тоҷикӣ ба духтарон амр медиҳад, ки "зер карда, дароед. Зер кунед!” Аммо яке аз духтарон мегӯяд, "охир, намемонанд.”

Дар як канор издиҳоми бузурге аз духтарони ҳиҷобпӯш бо сумкаҳои мактабӣ ҷамъ шудаанд, ки намедонанд, чӣ кор кунанд.

Як гуруҳи духтарон бо кумаки волидонашон садди милисаҳо дар назди дарвозаи мактабро раъна карда, вориди ҳавлӣ мешаванд, вале дар даромадгоҳи бинои мактаб намояндагони мақомот тамоми вазни худро болои дар партофта, ин садди охирин дар роҳи вуруди духтарони ҳиҷобпӯш ба дохили биноро маҳкам нигоҳ медоранд ва намегузоранд, ки духтарони ҳиҷобпӯш вориди мактаб шаванд.

Маъмурияти мактаби ба номи Фирдавсӣ мегӯянд, бар асоси фармони рақами 26-уми вазорати маорифи Қазоқистон аз соли 2016 хонандагон бояд ба дарс бо либоси расмии мактабӣ биоянд. Ин фармон, ба гуфтаи онҳо, дар мактаб пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла ҳиҷобро манъ мекунад.

Мудири мактаб Жанар Мамирова ба радиои Азаттык гуфт, онҳо аз моҳи июни соли 2017 ба ин тараф 17 маротиба бо волидон ҷаласа доир карда, ба онҳо сиёсати нави маъмурияти мактаби ба номи Фирдавсиро фаҳмондаанд:"Дар ин деҳа суннатан ҳама ҳиҷоб мепӯшанд ва аз ин рӯ, ба духтарон фаҳмондан, ки бояд ҳиҷобашонро бикашанд, осон набуд. Мо ду маротиба ба волидон ҳушдори хаттӣ додем. Як дафъа ҳатто бо почта нома фиристодем. Моҳи август боз волидонро ҳушдор додем, ки дар мактаб либоси мазҳабӣ мамнӯъ аст. Мо имсол духтаронеро, ки дар сар рӯймол доранд, ба мактаб роҳ намедиҳем.”

Ба гуфтаи Жанар Мамирова, аз ҳудуди 200 хонандаи ҳиҷобпӯш то имрӯз 73 нафараш розӣ шудааст, ки ҳиҷобашро бикашад ва ба дарс биояд. Вале аз видеои рӯзи 5 сентябр сабткардаи радиои Азаттык дидамешавад, ки эътирозҳо ба зидди манъи ҳиҷоб дар деҳаи тоҷикнишини Фирдавсӣ то ҳол идома дорад.

назари худро нависед
Программы для подбора паролей к wifi wibr на windows phone на странице http://wibr-plus.ru/download-for-windows-phone/
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон