БАРКАНОРИИ ЯК ИМОМХАТИБ БАРОИ ... НАДОНИСТАНИ СУРУДИ МИЛЛӢ

  • 28.08.2018, 09:22,
  • Дин
  • Хонанда: 240
  • 0

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон як имомхатиби масҷидиҷомеъ дар шаҳри Панҷакентро барои надонистани "Суруди миллӣ" аз кор барканоркард. Нақибхон Қориев, сокини 27-солаи ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент, кимасъулияти имомхатибии масҷиди ҷомеъ дар ин ҷамоатро бар дӯш дошт, аввали моҳииюни имсол дар аттестатсияи Кумитаи дин дар Душанбе ширкат кард. Ӯ мегӯяд, Суруди миллиро медонист, вале...

Мӯъмин АҲМАДӢ

Нақибхон Қориев рӯзи27-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тоза барояш хабар доданд, ки бинобар надонистани "Суруди миллӣ" ҳаққи имомхатибӣ надорад ва ба ҷояш нафари дигарро имомхатиб таъин карданд.

Донистани "Суруди миллӣ" шарти аввал

Кумитаи кор бо дини Тоҷикистон мегӯяд,донистани "Суруди миллӣ", "Муқаддасоти миллӣ" ва рукнҳои намоз аз пурсишҳоест,ки ҳамасола имомхатибон мавриди суолу ҷавоб қарор мегиранд.

Нақибхон Қориев, имомхатиби ҳамакнун собиқи масҷиди ба номи "Қаландар"-и шаҳри Панҷакент мегӯяд, "Суруди миллӣ"-ро медонад, аз ин рӯ, барканориаш ноодилона аст. Ӯ гуфт, эътироф мекунад, ки дар санҷиши шаҳри Душанбе аз саросемагӣ ояти нозилшуда дар бораи ҳаҷро пурра надонист, вале "Суруди миллӣ"-ро аз ёд медонад ва"Муқаддасоти миллӣ", ки иборат аз парчаму нишони давлатӣ ҳаст, номбар кард.

Нақибхон Қориев барои исбот бахше аз"Суруди миллӣ"-ро низ хонд ва муаллифу оҳангсози онро ном гирифт. Нақибхон Қориев хатмкунандаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон аст, аз ин рӯ, мегӯяд,ба ҷояш нафареро гузоштанд, ки диплом надорад.

Ӯ гуфт, "пурсиши аввал аз "Суруди миллӣ" буд. Ҳама имомхатибонро пурсиданд. Саволе, ки надонистам, ин буд, ки кадом оят дар бораи Ҳаҷ нозил шудааст. Ҷавоби пурранадодам. Дигар ҳама саволҳоро ҷавоб додам. Дидаву дониста, манро, ки дипломи махсусдорам, аз кор барканор карданд. Ҳоло дар ҷойи ман нафареро гузоштанд, ки дипломнадорад."

Масҷиде, ки Нақибхон дар он имоматӣ мекард, дар намозҳои ҷумъа то ду ҳазор нафар намоз мегузорад ва яке аз масҷидҳои калонтарини шаҳри Панҷакент аст.

"На танҳо "Суруди миллӣ", рукнҳои намозро низ надонист"

Дар бахши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳри Панҷакент барканории Нақибхон Қориевро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ӯ на танҳо"Суруди миллӣ",балки рукнҳои намозро низ бехато гуфта натавонист.

 

Саидҷон Шодиев, мудири Бахши кор бо дин, танзими ҷашну маросимҳо дар шаҳри Панҷакент рӯзи 27-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар санҷишҳои аввал "Суруди миллӣ", "Муқаддасоти миллӣ” пурсида мешавад ва баъдан, аҳкоми динӣ. Аммо ба гуфтаи ӯ, Нақибхон на танҳо"Суруди миллӣ"-ро бехато гуфта натавонист, балки дар хондани чанд оят низ иштибоҳ кард.

"Якум, гимну муқаддасоти миллӣ пурсида мешавад. Ӯ хизматчии давлатӣ ҳисобмешавад ва бояд инҳоро донад. Аз тарафи давлат маош мегирад. Моҳи апрел аз санҷишдар Панҷакент нагузашт. Як моҳ мӯҳлат додем. Дар Душанбе ҳам ғалтид. Боз ду се моҳмӯҳлат додем, кор кард. Боз такроран овардем, боз ғалтид. Шикоят кард, комиссияташкил кардем. Боз суолҳои оддитарин додем, натавонист. Ҳанӯз ҷояш расман одамтаъин нашудааст. Як нафар иҷрокунанда ҳаст",-гуфт Шодиев.

Ин масъули Бахши дини шаҳри Панҷакент гуфт, ҳанӯз Нақибхон фурсат дорад, ки дар санҷиш иштирок кунад. Дар сурати посух ба суолҳо, имкони дубора таъин шудан ба мақоми имомхатибиро дорад.

Санҷиши имомхатибон дар Тоҷикистон

 

Санҷиши имом-хатибон бар асоси моддаи 11-Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ сурат мегирад, ки дар он зикр шудааст, ки"имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд."

Санҷишу имтиҳони донишу малакаи имомхатибон, ё"мувофиқакунонӣ",аз талаботи қонунест, ки аз соли 2009 дар Тоҷикистон амал мекунад.

Имомхатибон аз ҷониби давлат таъин мешаванд ва наздики 1000 сомонӣ, муодили сад доллари амрикоӣ маош мегиранд. Аз ин рӯ, мисли дигар кормандони ниҳодҳои давлатӣ барои онҳо донистани "Суруди миллӣ" ҳатмӣ ҳаст.

Дар Тоҷикистон наздики чор ҳазор имом ва имомхатиб фаъолият мекунад, ки ҳамасола аз санҷиши вижа мегузаранд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон