ҚАРОРИ ҲУКУМАТ: АНДОЗАИ ҚАБР 2Х1,50, АНДОЗАИ САНГИ МАЗОР 1,50Х1Х0,50

  • 28.08.2018, 09:21,
  • Дин
  • Хонанда: 198
  • 0

Аз қарори ҳукумати Тоҷикистон «Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо»аз 25 январи соли 2018: "Андозаи санги мазори уфуқӣ бояд на бештар аз 1,5 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ ва 0,5 метр баландӣ бошад. Андозаи санги мазори амудӣ бояд на бештар аз 1 метр баландӣ, 0,5 метр паҳноӣ ва 10 сантиметр ғафсӣ бошад.Барои ҳар як қабр ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ қитъаи замин ҷудо карда мешавад.

 

ҚАБРИСТОНҲО ДИГАР МАКОНИ САБҚАТҶӮӢ НЕСТАНД

Чанд соли охир вазъи ногувори гӯристонҳои қаламрави ҷумҳурӣ аз мавзӯъҳои асосии расонаҳои хабарӣ маҳсуб меёбад, ки ин бесабаб нест. Зеро дар аксари қабристонҳо зиёдаравӣ ба ҳукми анъана даромада, ҳатто он ба макони сабқатҷӯйӣ қарор гирифтааст. Сангҳои мазор бо навиштаҷоти гуногун ва аксу ному насаби марҳум бо тарзи ҳаккокӣ аз ҳам тафовути зиёд доранд. Замини бисёрро ишғол менамоянд. Онро бо панҷараҳои гуногуни оҳанину деворҳои хиштиву бетонӣ маҳкам месозанд. Дар байни қабрҳо сохтани кӯшку гунбаз на танҳо авҷ гирифтааст, балки ба ҳукми анъана даромадааст.

Табиист, ин ҳама амалҳои номатлуб ва хилофи шариати исломӣ дар баробари исрофи беҳуда, изҳори кибру ғурур мардумро ба гумроҳӣ водор месохт, ки дар банди тақлиди нодурусту зарарнок бошанд.
Агар барои муқоиса ва хулосаи дуруст баровардан ба гузаштаи на чандон дури худ бингарем, дармеёбем, ки ниёгони пуршарафамон ба ин гуна сабқатҷӯӣ ҳамеша зид буданд ва ба он монеъ мегардиданд.
Мусаллам аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо ҳуқуқи озодии виҷдонро ато кард, аммо набояд аз он суистифода намуд. Сарвари давлат барҳақ иброз доштанд: «Маҳз Истиқлолияти двлатӣ ба мо имкон дод, ки арзишҳои милливу динии худро эҳё намуда, ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии виҷдонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кунем ва кафолат диҳем».
Воқеан, ки арзишҳои милливу динӣ эҳё гардидаанд, дарку фаҳм ва муносибат ба он бояд огоҳона ва дуруст бошанд. Таърих борҳо сабақ додааст, ки ташаккули ҳар як давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба анъанаҳои миллӣ, фарҳангӣ, динӣ, бо дарки мансубияти миллӣ иртибот мегирад. Дар ин маврид хурофот, бидъат, яъне эҷоди анъанаҳои бад на танҳо раво нест, балки садди роҳи пешравиҳо мегарданд. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари ба инобат гирифтани муқаддасоти инсон баъди марг «Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо» - ро бо қарори махсус аз 25 январи соли равон муайян намояд.
Дар асоси қарори мазкур нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо дар ҳудуди кишвар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо оид ба нигаҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросимҳои мардумии миллату халқиятҳои муқими мамлакат ба амал бароварда мешаванд. Ҳамзамон, меъёрҳои муқарраргардида дар ин маврид ба эътибор гирифта ва ба роҳ монда мешаванд.
Дар қарор зикр гардидааст, ки «Дар ҳудуди қабристон вайрон намудани қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, шикастан ва нобуд сохтани санги мазор ва ниҳолу дарахтҳо, сӯхтани рустаниҳои хушк ва дигар мавод, чарондани чорво манъ мебошад». Ба ҷуз ин, минбаъд санги мазор дар мувофиқа бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузошта мешавад. Тавре дар қарор омадааст: «Андозаи санги мазори уфуқӣ бояд на бештар аз 1,5 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ ва 0,5 метр баландӣ бошад. Андозаи санги мазори амудӣ бояд на бештар аз 1 метр баландӣ, 0,5 метр паҳноӣ ва 10 сантиметр ғафсӣ бошад». Муқаррар гардидааст, ки атрофи он ба андозаи замини барои қабр ҷудогардида бо панҷара, дарахт ё рустаниҳои ороишӣ иҳота карда шавад. Дуруст аст, ки бисёре аз матнҳои санги мазор ғалат ва номувофиқ ба эътиқоди динии мардум буд. Дар Тартиби мазкур ба ин хотир мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадор шуданд, ки «ба номутобиқатии мазмуни матни санги мазор ба талаботи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътиқоди динии мардуми маҳал роҳ надиҳанд».
Барои ҳар як қабр ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ қитъаи замин ҷудо карда мешавад.
«Тартиби нигаҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо», албатта, сабқатҳоро дар ин макон аз миён мебарад, пеши роҳи исрофро мегирад. Табиист, ки бо нигоҳдорию ҳифзи расму оин, анъанаҳои миллию динӣ пеши роҳи зиёдаравиҳо гирифта мешавад ва дигар қабристонҳо ба шаҳрак табдил намеёбанд.
Абдукарим МУСТАФОЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими aнъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз "Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон