ҲАДЯҲОИ ИДОНАИ ЭШОНИ НУРИДДИНҶОН БА КӮДАКОН (ВИДЕО ВА АКС)

  • 27.08.2018, 06:19,
  • Дин
  • Хонанда: 223
  • 0

Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода рӯзи 26 август, вақте аз як меҳмонӣ дар минтақа Чортути ноҳияи Рӯдакӣ берун мешуд, ба кӯдаки як зане, ки ба зиёрати ӯ омад, идона дод. Ин охирин видеои Эшони Нуриддинҷон аст, ки чанд соли охир, баъди баста шудани масҷидаш асосан гӯшанинишиниро ихтиёр кардааст.

Видеои кӯтоҳи камтар аз як дақиқа, ки Абдуррахмон Карим дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст, тозатарин видеои Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода мебошад. Ин видео рӯзи 26 август дар яке аз деҳаҳои минтақаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ сабт шудааст.

Дар видео дида мешавад, ки ҳангоми аз меҳмонӣ берун шудани Эшони Нуриддинҷон ду зан ба хотири зиёрат ба пеши ӯ меоянд.

Яке аз ин занҳо, ки ҷавон буд, кӯдаки хурдсолаш сари даст пеши Эшон омад. Эшони Нуриддинҷон кӯдакро аввал дӯстдорӣ ва куфусуф карда, барояш чанд сӯме идона медиҳад, ки "ягон майкачааш бихаред.” Эшон сипас дар ҳаққи ин кӯдак дасти дуо мекушояд ки: "Илоҳӣ аҳли Қуръон шавад!”

Ӯ сипас хитоб ба занон ҳам гуфт, ки "намозакҳоятонро хонед ҳамеша.”

Эшони Нуриддинҷон сипас бо ин суханони шӯхиомез, ки "бо ин яксӯмаҳои идгардак фақат жвачка мехаред” ба як кӯдаки дигар ҳам идона дод ва аз ҳавлӣ берун рафт.


Эшони Нуриддинҷон, ки 65 сол дорад,Ю фарзанди калонии Эшони Тӯраҷон ва бародари қозии собиқи мусулмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мебошад. Эшони Нуриддинҷон баъди даргузашти падараш роҳбарии муридони ӯ аз шохаи ҷаҳрияи тариқати Нақшбандияи аҳли Сӯфияро ба дасти худ гирифт.

Тӯраҷонзодаҳоки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Тоҷикистон карда будандбаъди бозгашташондар зодгоҳи худ  деҳаи Туркобод (ҳоло  Ваҳдатобод)-и Ваҳдат масҷиди мӯҳташамеро бо номимасҷиди "Муҳаммадия” сохтандки ба маҳзи маъвизаҳои Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Маҳмудҷонба яке аз пуртарафторин масоҷид дар Тоҷикистон табдил ёфт ва ҳар рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар азгӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон барои адои намози ҷамоат ва шунидани маъвизаҳои навбатииТӯраҷонзодаҳо садҳо километр роҳро тай кардаба Туркобод меомаданд.

Аммо дар соли 2012 раиси нави Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ЭшониНуриддинҷонро ба баргузории маросими бештар ба шиаҳо хоси Ошӯро айбдор кард. Ба дунбол, мақомот масҷиди Тӯраҷонзодаҳоро ба масҷиди панҷвақта табдил додаин рӯҳониёни маъруфро азҳаққи имоматӣ ва мавъиза гуфтан маҳрум карданд.

Тӯраҷонзодаҳо талош кардандто аз тариқи додгоҳ мақоми масҷиди ҷомеъро барои масҷидашонбарқарор кунандвале ин талошҳо натиҷае надод.

Дар пасманзари саркӯбҳои ахири рӯҳониён дар Тоҷикистон Тӯраҷонзодаҳо амалан дар як ҳошияқарор дода шудаанд ва дигар тақрибан дар ҳеҷ ҷое мавъиза намекунандҲарчӣ дар Интернет чопмешавадасосан аз суханрониҳои чанд сол пеши ин рӯҳониёни машҳур аст.

Бори охир исми бародарон Тӯраҷонзодаҳо моҳи октябри соли 2017, вақте расонаӣ шуд, ки Эшони Нуриддинҷон, Ҳоҷӣ Акбар ва Эшони Маҳмудҷон барои фотиҳахонаӣ ба ноҳияи Данғара ба манзили Нуриддин Раҳмон - бародари марҳуми президент Эмомалӣ Раҳмон рафтанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон