ДАРГУЗАШТИ ЭШОНИ ҚОРӢ АБДУЛХОЛИҚИ ҚУМСАНГИРӢ ДАР ПАЙИ ЯК САДАМА

  • 10.05.2018, 06:47,
  • Дин
  • Хонанда: 1 088
  • 0

Эшони Қорӣ Абдулхолиқи Қумсангирӣ, яке аз машҳуртарин қориёни тоҷик, ки рӯзи 6 май дар ноҳияи Тоҷикобод дучори садама шуда буд, рӯзи 9 май дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Қорӣ Абдулхолиқ, ки 65 сол дошт, беш аз 5 ҳазор ҳофизи комили "Қуръон”-ро тарбия карда, устоди қориёни Тоҷикистон эътироф шуда буд.

 

Наздикони Эшони Қорӣ Абдулхолиқи Қумсангирӣ, яке аз машҳуртарин қориёни Тоҷикистон ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки ин рӯҳонии маъруф рӯзи 9 май дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе дар синни 65 аз олам чашм пӯшид. Қорӣ Абдухолиқ рӯзи 6 май дар ноҳияи Тоҷикобод дучори садама шуда буд. Мошини "Мерседес”-е, ки ин рӯҳонӣ савори он буд, дар Тоҷикистон ба як сементи канори роҳ бархӯрд ва Қорӣ Абдулхолиқ дар натиҷаи он садама маҷрӯҳ шуд.

Қорӣ Муҳаммайюб, бародари Қорӣ Абдулхолиқ, ки дар Қазоқистон қарор дошт, рӯзи 9 май дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт:"Баробари шунидани хабари даргузашти Эшони Қорӣ ба роҳ баромадем, ки худро ба маросими намози ҷанозааш бирасонем. Мутаассифона, ба ҳавопаймо дер кардем ва бо мошин, ҳоло ба Тоҷикистон рафта истодаем.”

Ба гуфтаи наздиконаш, қарор ин шуда, ки ӯро дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок бисупоранд. Қорӣ Абдулхолиқ солҳои охир дар ҳамин ноҳия дар лаби дарёи Элок дар наздикии манораҳои телевизионӣ хона карда буд ва бо аҳли оилааш зиндагӣ мекард.

Эшони Қорӣ Абдулхолиқи Қумсангирӣ дар деҳаи Оқотуни ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Падари ӯ Эшони Абдурауф аз рӯҳониёни маъруфи замони худ буд.

Қорӣ Абдулхолиқ "Қуръон” ва ҳунари қироату тиловати ин китоби муқаддасро пеши Қорӣ Абдулмӯбини Андиҷонӣ омӯхтааст.


Қорӣ Абдулхолиқро як устоди умдаи қориёни тоҷик мешинохтанд. Ӯ беш аз 5 ҳазор ҳофизи комили "Қуръон”-ро тарбият кардааст, ки дар байни онҳо машҳуртарин қориёни имрӯзаи Тоҷикистон, аз ҷумла Қорӣ Сиратуллоҳи Элокӣ, Қорӣ Муҳаммадсаиди Панҷӣ ва додари худи Қорӣ Абдулхолиқ – Қорӣ Муҳаммадайюбро метавон ном бурд.

Қорӣ Абдулхолиқ чанд соли охир баъди як инсулт як тарафи баданаш хуб кор намекард ва ба мушкил, бештар бо кумаки дигарон ҳаракат мекард.

Аз вай 12 фарзанд – 7 писар ва 5 духтар – монд. Ҳамаи фарзандони Қорӣ Абдулхолиқ ҳофизони пурраи "Қуръон”-анд. Як писари ӯ Қорӣ Сиратуллоҳ аст, ки дар чандин озмуни байналмилалии қориёни "Қуръон” пирӯз шудааст.

АКСҲО АЗ МАҲАЛЛИ САДАМАИ МОШИНИ ЭШОНИ ҚОРӢ АБДУЛХОЛИҚ ДАР ТОҶИКОБОД:

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон