ВИДЕОИ БАРХӮРДИ КАМАЗ БО “ОПЕЛ” ДАР НАЗДИ БОЗОРИ ЧУКРИФУРӮШӢ

  • 21.04.2018, 06:23,
  • Дин
  • Хонанда: 1 092
  • 0

Рӯзи 20 апрел, соати тахминан 12:50 дар назди бозори фурӯши чукрӣ дар роҳи Хоҷаобигарм дар дараи Варзоб як мошини боркаши КАМАЗ як мошини сабукрави тамғаи "Опел”-ро пахш кард. Ронандаи "Опел” ба хотири онки як чукрифурӯшро зер накунад, суръати мошинашро якбора суст кардааст ва дар ҳамин лаҳза КАМАЗ, ки аз қафояш меомад, ба он бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин садама се мусофири "Опел” ҷароҳат бардоштанд.

Яке аз хонандагони сомонаи "Ахбор” бо ирсоли як видео аз маҳалли ҳодиса хабар дод, ки рӯзи 20 апрел, соати тахминан 12:50 дар роҳи Хоҷаобигарм дар назди бозори фурӯши чукрӣ як мошини боркаши КАМАЗ бо як мошини сабукрави "Опел” бархӯрдааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ронандаи мошини "Опел” барои онки як чукрифурӯшро, ки ногаҳон ба роҳ баромад, назанад, суръати мошинашро якбора суст кард. Дар ҳамин лаҳза, ронандаи мошини КАМАЗ, ки аз самти Майхӯра аз қафои "Опел” меомад, мошинашро нигоҳ дошта натавонист ва аз қафо ба мошини "Опел” зад.

Дар натиҷаи садама се мусофири "Опел” ҷароҳат бардоштаанд ва ҳарсеро ба бемористон бурдаанд. Шоҳидон мегӯянд, дар натиҷаи садама мошини "Опел” осеби ҷиддӣ дида, як хаймачаи чукрифурӯшӣ низ чаппа шудааст.

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСАРО ИН ҶО ТАМОШО КУНЕД:

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон