ИШТИРОКИ ҲАЗОРОН НАФАР ДАР НАМОЗИ ҶАНОЗАИ ЭШОНИ КОЛХОЗОБОДӢ

  • 18.04.2018, 06:32,
  • Дин
  • Хонанда: 1 720
  • 0

Эшони Ҳадятуллоҳ дар паҳлуи бародараш Эшони Муҳтадӣ

Ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маросими ҷанозаи Эшони Ҳадятуллоҳ, бародари Эшони Муҳтадӣ ва як намояндаи хонаводаи пурнуфузи "Эшонҳои Колхозободӣ”,ҳазорон нафар, аз ҷумла рӯҳониёни шинохта Махсуми Исмоил, Махсуми Абдулвосит, Эшони Абдулвоҷиб ва фарзандони Домулло Ҳикматуллоҳ ширкат карданд. Намози ҷанозаро бо иттифоқи орои уламо Эшони Абдулвоҷиб имоматӣ кард.

 

Ба дасти сомонаи "Ахбор” як навори видеоӣ расид, ки аз таҷаммӯи ҳазорон нафар дар маросими намози ҷанозаи Эшони Ҳадятуллоҳ, бародари Эшони Муҳтадии Қаротегинӣ дарак медиҳад. Эшони Ҳадятуллоҳ, бародари калонии Эшони Муҳтадӣ, ки чанд сол боз аз дарди қанд ранҷ мекашид, рӯзи 9 апрел дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супурда шуд.

Муридонаш мегӯянд, Эшони Ҳадятуллоҳ аз хонаводаи пурнуфузи Эшонҳои Колхозободӣ нафақат як олими донишманди Ислом ва хеле ботақво буд, балки кабкро ҳам фавқулодда дӯст медошт ва ҳар ҳафта ҳатман саре ба кабкбозори Қӯрғонтеппа мезад.

Азбаски ягон масҷиди ноҳия тавони гунҷоиши чунин шумори бузурги мардуми ҷамъшуда дар намози ҷанозаи Эшони Ҳадятуллоҳро надошт, намози ҷанозаро дар як саҳрои кушод хонданд.

Дар видео лаҳзаҳои барои намози ҷаноза саф кашидани мардум дида мешавад. Сипас дар назди ҳозирин Махсуми Исмоил Пирмуҳаммадзода, яке аз воизони шинохта сухан меронад.

Махсуми Исмоил мегӯяд: "Инҷо мо ба як маслиҳат омадем. Инҷо олимоне ҳастанд, ки ҳар кадоми шумо лоиқи пешдароиро доред. Фарзандони Домуллоҳ Ҳикматуллоҳро инҷо дидам. Ҳазрати Домулло омадагӣ бошанд? Натавонистанд-а, маззаашон набуд. Эшони Махдуми Абдулвосит бисёр нуфузи калон доранд, ки он кас пеш бидароянд, олим ҳастанд. Эшони Муҳтадӣ худашон лоиқ доранд, ки пеш дароянд. Лекин маслиҳат ҳамин шуд. Азбаки мо ҳамаамон пирамон Ҳазрати Эшони Абдураҳмонҷон аст, Махдуми Абдулвосит ҳам аз муридони ҳамон касанд. Барои ҳамин, Эшони Абдулвоҷиб, пеш бидароед.”

Баъди ба Эшони Абдулвоҷиб, фарзанди Эшони Абдулраҳмонҷон вогузор шудани имоматӣ, аз мардум даъват карданд, ки саф бикашанд ва ба ният бошанд.

Эшони Муҳтадиии Қаротегинӣ ва бародаронаш аз рӯҳониёни пурнуфуз ва муътабар дар водии Вахш ба шумор мераванд. Соли гузашта навори як мавъизаи Эшони Муҳтадӣ боис шуд, ки ӯро барои сӯҳбат ба мақомоти амниятӣ даъват кунанд.

Эшони Муҳтадӣ дар он навор башиддат аз маъракаҳои зидди ришу ҳиҷоб дар Тоҷикистон интиқод карда, аз ҷумла гуфта буд: ”Риши моро тарошидандҳиҷоби занамонро гирифтандмасҷидамонро бастандмадрасаамонро бастандбоз "Микрофони озод” ташкилкардаандки қурбонӣ накунедВой бар ҳоли шумо барин мусалмон! Ин кадом ободист?”

Эшони Муҳтадӣ дар пайи сарусадое, ки ин мавъизааш ба по кард, бо нашри чанд паёми нав пуштибониаш аз сиёсати ҳукуматро иброз дошта, гуфт, ҳарфҳои ӯро таҳриф кардаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон