НОМАИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК: БА ДУЗАНАГӢ ИҶОЗАТ БИДИҲЕД!

  • 12.03.2018, 09:51,
  • Дин
  • Хонанда: 776
  • 0

"Бояд масъулини дахлдор зери қонуни дузанагӣ имзо гузоранд. Зеро, бовар кунед, бе ин намешавад. Ҳоло сафи занҳои 19, 20 ва 22-солаи аз шӯ ҷудошудаю хонавайрон торафт зиёд шудан дорад. Онҳоро дар ин ҷомеаи мо ягон марди безану ҷавон ҳаргиз намегирад! Ва маҷбур ба мардони хориҷӣ зани дуюму сеюм шудан доранд...”

 

Ҳафтаномаи "СССР” номаи Муҳаббат Бобоева, як сокини шаҳри Душанберо нашр кардааст. Муҳаббат Бобоева дар ин номааш менависад, ки шумори занони ҷавони бешавҳар дар Тоҷикистон хеле зиёд шудааст, вале азбаски қонун гирифтани зани дуюмро манъ мекунад, ин занҳо маҷбуран шавҳарони хитоӣ ё эронӣ кунанд.

Матни пурраи номаи Муҳаббат Бобоева чунин аст:

Салом, СССР-и гиромӣ ва мардумӣ!

Ман аз номи дугонаҳоям оиди дузанагӣ як андешаи инфиродӣ дорам: Мо – гуруҳи занони душанбегӣ феълан аҳволи модарони бо 2-3 кӯдак бешавҳарро дида, ба хулосае расидем, ки бояд масъулини дахлдор зери қонуни дузанагӣ имзо гузоранд. Зеро, бовар кунед, бе ин намешавад. Ҳоло сафи занҳои 19, 20 ва 22-солаи аз шӯ ҷудошудаю хонавайрон торафт зиёд шудан дорад. Онҳоро дар ин ҷомеаи мо ягон марди безану ҷавон ҳаргиз намегирад! Ва маҷбур ба мардони хориҷӣ (афғон, эронӣ, чинӣ, қирғизу қазоқ, рус...) зани дуюму сеюм шудан доранд, ки ҳама шоҳиди вазъиятем!

Магар ин ба шаъну шарафи миллии мо зебанда аст?

Дар Тоҷикистон мардоне ҳастанд, ки шароити хуб доранду зани дуюмро ӯҳда карда метавонанд! Яъне дар ин қонун ба мардоне иҷозати зани дуюм гирифтан дода шавад, ки шароиту имконияти молӣ дошта бошанд.

Ҳоло аксари мардон аз тарси қонун дигар ҷуръати зани дуюм гирифтан надоранд, ки ин 100 фоиз ба зарари худи ҷамъияти мост.

Як фикр кунед: Агар қонуни дузанагӣ барояд, барои мо чӣ зарар дорад? Чун дар сурати қонунӣ шудан фарзандони бепадари онҳо беназорату бетарбият нахоҳанд монд.

Хоҳиш мекунем, ин нуқтаи назари моро ҷиддӣ ва самимӣ қабул кунед!!!

Муҳаббат Бобоева, ш.Душанбе

 

Аз сомонаи "Ахбор”: Баҳси иҷозат додан ё надодан ба бисёрзанӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон солҳо боз идома дорад. Ҳомиёни ҳуқуқи зан бисёрзаниро хилофи меъёрҳои қабулшудаи ҳуқуқи инсон мешуморанд ва бар инанд, ки бисёрзанӣ асли баробарии ҷинсиро зери по мекунад. Ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқи зан, дар оилаҳои полигамӣ ҳеҷ кадоме аз занҳои марди хонавода хушбахт нестанд ва зиндагиашон зери фишори пайвастаи равонӣ мегузарад.

Аммо тарафдорони бисёрзанӣ ба чанд нуктаи дигар таъкид мекунанд. Як далели онҳо Шариати Ислом аст, ки таҳти шароити хос ба мардон то 4 издивоҷро иҷозат медиҳад. Далели дигари ин гурӯҳ бешавҳар мондани шумори зиёди занон дар кишвар аст. Тарафдорони бисёрзанӣ мӯътақиданд, ки бисёрзанӣ фасоди ахлоқиро дар ҷомеа коҳиш дода, пеши роҳи густариши падидаҳои манфие, чун танфурӯшӣ ва бероҳагардии занонро мегирад.

Соли 1998 дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон банди махсусе илова карда шуд, ки барои бисёрзанӣ ҷазо муқаррар мекунад.

 

Моддаи170. Дузанагӣ ё серзанагӣ

Дузанагӣ ё серзанагӣяъне бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагииумумӣ, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бокорҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон