ҚАБРИСТОНИ МАҲАЛЛАИ АВУЛРО МЕКӮЧОНАНД (ВИДЕО)

  • 08.03.2018, 06:09,
  • Дин
  • Хонанда: 1 410
  • 0

Қабристонеро, ки дар паҳлуи бинои Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар маҳаллаи Авул ҷойгир шудааст, мекӯчонанд. Мақомот ба соҳибони мурдаҳои ин оромгоҳ то поёни моҳи апрел фурсат додаанд, ки мурдаҳои худро ба ягон оромгоҳи дигар кӯчонанд. Чанд рӯз боз дар ин ҷо кандани қабрҳо идома дорад.

 

Қабристони воқеъ дар паҳлуи бинои Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар маҳаллаи Авулро бо қарори мақомоти шаҳри Душанбе мекӯчонанд. Мақомот ба сокинон то поёни моҳи апрел фурсат додаанд, то мурдаҳои худро аз инҷо ба ягон оромгоҳи дигар бикӯчонанд.

Чанд рӯз боз дар ин қабристон кандани гӯрҳо идома дорад. Дар инҷо сокинони маҳаллаи Авул ва маҳаллаҳои 103 ва 104 мурдаҳои худро дафн мекарданд. Бисёрии гӯрҳо гӯрҳои нав аст ва мурдаҳоеро, ки баъди соли 2000 вафот кардаанд, инҷо гӯрондаанд.

Сокинон мегӯянд, онҳое ки аз қарори тахриби қабристон хабар шуданд, ба кӯчондани мурдаҳои худ сар кардаанд, вале бисёриҳо ҳанӯз аз ин қарор хабар надоранд.

 

Як марде, ки ҷасади падарашро аз оромгоҳи Авул канда, дар оромгоҳи Лучоб дубора гӯрондааст, рӯзи 6 март ба сомонаи "Ахбор” гуфт: "Намедонам, барои чӣ чунин қарор баровардаанд. Вақте кӯдак будем, ки бобоҳоямон мегуфтанд, бачаам, ангуштатро ба тарафи мазор нагардон, ки убол аст. Имрӯз ангушт куҷо, қабристонро пурра вайрон карда истодаанду касе чизе намегӯяд.”

 

 

Дар бораи сарнавишти баъдии замини оромгоҳи Авул фарзияҳо мухталиф аст. Бархе сокинон мегӯянд, ки ин заминро ба Донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиа медиҳанд. Бархе мегӯянд, ки дар замини ин қабристон кадом соҳибкоре бинои истиқоматӣ сохтанист.

 

ҚАБРИСТОНИ ҚАДИМАИ ҚАЛЪАИ ҲИСОРРО БО ЭКСКАВАТОР ВАЙРОН КАРДАНД (ВИДЕО)

 

 

Сомонаи "Ахбор” рӯзи 16 феврал дар бораи вайрон кардани як қабристони қадимаи деҳаи Қалъаи Ҳисор хабар дода буд. Ба сокинони норозӣ гуфтаандки дар ҷои қабристони таърихӣ биинои идориияк сохтори минтақавии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон сохта хоҳад шуд.

Сокинони деҳаи Қалъаи Ҳисорвоқеъ дар 25-километрии ғарби Душанбе рӯзи 16 феврал бо ирсолияк видео ба сомонаи "Ахбор” хабар додандки мақомот экскаватору мошинҳои КАМАЗ-ро овардақабристони қадимаи ин деҳаро вайрон карданд.

Ин амал ба вокуниши шадидан манфии сокинони Қалъаи Ҳисор рӯбарӯ шудаастОнҳо мегӯяндиноромгоҳ дар байни мардум бо номи "қабристони бобоҳо” машҳур буд ва дар ин ҷо ҳанӯз аз замонидар Қалхаи Ҳисор ҷойгир будани идораи мири Ҳисор асосан ҷанозаҳои эшонзодаҳо ва аъёну ашрофидаврони аморати Бухороро мегӯронданд.

Қабристони бобоҳо дар даруни девори қалъаи мири Ҳисор будБаъди суқути аморати Бухоро низсокинони Ҳисор дар инҷо ҷанозаҳои наздикони худ ва асосан одамони баобрӯро ба хок месупурдандСокинони Қалъаи Ҳисор мегӯяндин оромгоҳ то солҳои 50- 60 истифода мешуд ва охирин ҷанозаҳоеки дар "қабристони бобоҳо” хок шудаандаз соли 1965 будааст.

Дар маҷмӯъба гуфтаи сокинондар ин оромгоҳ ҳудуди 500 қабр мавҷуд буд. Сокинони Қалъаи Ҳисормегӯянддар ҷараёни ҳамвор кардани қабрҳои қадима устухонпораҳои чандин мурда зеридандонаҳои экскаватор рӯи хок баромад ва мардум ашк дар чашм ин устухонпораҳоро ҷамъмеовардандто дар қабристони дигари ин деҳа ба хок супоранд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон