180 ҲАЗОР ДОЛЛАР ТОВОН БАРОИ МАҶБУРАН ГИРИФТАНИ ҲИҶОБ АЗ САРИ СЕ ЗАНИ МУСУЛМОН

  • 03.03.2018, 05:58,
  • Дин
  • Хонанда: 428
  • 0

Мақомоти шаҳри Ню-Йорки Амрико ба се зану духтари мусалмон барои онки кормандони пулис онҳоро барои аз сарашон гирифтани ҳиҷоб маҷбур кардаанд, 180 ҳазор доллар товон пардохт мекунанд. Вакили дифоъ Таҳани Абуши барои ҳар кадом аз муваккилони ҳиҷобпӯшаш аз мақомот 60 ҳазор долларӣ ҷуброн рӯёндааст.

 

Матбуоти Амрико, аз ҷумла нашрияи муътабари New York Times, хабар дод, ки мақомоти шаҳри Ню-Йорк маҷбур шудаанд ба се зану духтари мусалмон барои маҷбуран аз сарашон кашидани ҳиҷоб 180 ҳазор доллар товон пардохт кунанд.

Дар ҳарсе маврид аз манфиати занону духтарони ҳиҷобпӯш адвокат Таҳани Абуши ҳимоят кардааст.

Яке аз ин парвандаҳо марбут ба духтари мусалмони ҳиҷобпӯшест, ки ҳанӯз соли 2012 рух дода буд. Ин духтар дар мактаб бо ду ҳамсабақаш ба далели инки дар борааш овозаҳои бардурӯғ паҳн мекарданд, ҷанҷол кардааст. Пулис ҳарсе иштирокчии занозаниро дастгир кард.

Дар ниҳоят дар робита ба ин занозанӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз накарданд, вале дар пулис акси ҳарсе боздоштшударо гирифтанд. Барои ин аз духтари мусалмон талаб кардаанд, то ҳиҷобашро кашида, акс бигирад.

Баъди раҳоӣ аз боздошт ин духтар пулисро барои поймол кардани ҳуқуқи мазҳабиаш ба додгоҳ супурд. Дар ниҳоят мақомоти Ню-Йорк розӣ шуданд, ки ба ин духтар барои зери по шудани ҳуқуқаш барои бастани ҳиҷоб 60 ҳазор доллар пардохт кунанд.

Таҳани Абуши ҳамин тавр дар солҳои 2015 ва 2016 ду чунин қазияи маҷбуран аз сари занони мусалмон кашидани ҳиҷобро пеш бурда, тавонистааст барои он ҷабрдидаҳо низ аз мақомоти Н.-Йорк 60-ҳазордолларӣ бирӯёнад. Дар соли 2015 як зани мусалмонро дар пулиси Бруклин маҷбур кардаанд, ки ҳиҷобашро бикашад. Ин ҳам дар ҳоле ки ин зан эътироз кардааст, ки дар ҳузури мардони бегона ин корро карда наметавонад.

Қазияи сеюм марбут ба як зани дигари мусалмон аст, ки барои ҷои исти мошин бо ҳамсояаш муноқиша карда буд ва ӯро ба пулис оварда, бо вуҷуди эътирозаш маҷбур карданд, ки ҳиҷобашро аз сар кашида, сипас акс бигирад.

Намояндаи бахши ҳуқуқии шаҳрдории Ню-Йорк Кимберли Ҷойс гуфт, тасмим дар бораи пардохти товони молӣ ба ин се зани ҳиҷобпӯш "бо дарназардошти манфиатҳои тамоми ҷонибҳои зидахл гирифта шуд.”

Ин се қазияи ҳимоят аз ҳаққи занони ҳиҷобпӯш дар Амрико дар ҳолест ки дар бисёре аз кишварҳои мусалмонишини низомашон дунявӣ ҳаққи занону духтарони ҳиҷобпӯшро сарфи назар мекунанд.

Созмони Афви байналмилалӣ дар гузориши солонааш гуфт, ки моҳи август дар Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор занро маҷбур кардаанд, ки ҳиҷобашонро аз сар бигиранд.

Мақомоти Тоҷикистон сатру ҳиҷобро моли "фарҳанги бегона” мешуморанд. Дар ин кишвар соли гузашта як маъракаи густарда ба зидди ҳиҷоб ба роҳ андохта шуд. Намояндагони Кумитаи занон, пулис ва дигар сохторҳои интизомӣ дар кӯчаву бозорҳо ва даромадгоҳи идораҳои давлатӣ занони ҳиҷобпӯшро манъ ва маҷбур мекарданд, ки рӯмоли худро кӯтоҳ ва ба сӯи пушт, яъне ба таъбири ин афрод, "тоҷикӣ” бубанданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон