МУФТИИ СОБИҚ: НАВРӮЗ ИДИ КОФИРОН АСТ (ВИДЕО)

  • 22.02.2018, 08:07,
  • Дин
  • Хонанда: 647
  • 0

Муфтии собиқи Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов, ки бо мавъизаҳои баҳсбарангезаш ном баровардааст, дар як мавъизаи нави худ Наврӯзро иди кофирон ва таҷлилашро барои мусалмонон ҳаром номидааст. Дар Тоҷикистон низ ин баҳс, ки Наврӯз ва Соли навро ҷашн бигиранд ё на?, солҳо боз идома дорад.

 

Муфтии собиқи Қирғизистон Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов аз мусалмонони қирғиз даъват кардааст, ки Наврӯзро ҷашн нагиранд. Ба ақидаи ин рӯҳонӣ, ки бо мавъизаҳои баҳсбарангезаш ном баровардааст, Наврӯз иди кофирон аст ва таҷлили он барои мусалмонон ҳаром аст.

Анарбек Усупбаев, як намояндаи равияи тенгрианӣ, ки хостори бозгашти халқҳои кӯчманчии Осиёи Марказӣ ба дину ойинҳои тоисломиашон мебошанд, ин суханони муфтиро ба боди интиқод кашида, як намунаи дигари сӯи таҳаммалуи рӯҳониёни мусалмон нисбат ба ойинҳои миллӣ номидааст.

Аммо Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов дар мавъизаи навбататиаш хитоб ба Усупбаев гуфт: "Як кофир маро танқид кардааст. Ман дар посух ба ӯ мегӯям, ки вақте сухан дар ин бора меравад, ки Наврӯз набояд ҷашн гирифта шавад, манзури ман, мусалмононанд, на кофире мисли вай.” 


Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов 43 сол дошта, солҳои 2010-2012 муфтии Қирғизистон буд. Ӯ қаблан ва ҳатто дар замони муфтӣ буданаш низ аз мардум даъват мекард, то "идҳои кофирон”, аз ҷумла 8 март, Наврӯз ва соли нави мелодиро ҷашн нагиранд.

Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов дар масоили дигар низ чунин мавъизаҳои баҳсбарангез зиёд дорад.

Ӯ аз ҷумла моҳи ноябр дар як суханрониаш эълон кард, ки зани дуюм гирифтааст. Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов, ки қаблан ҳам аз бисёрзанӣ пуштибонӣ мекард, талаб кард, то дар Қирғизистон ба бисёрзанӣ иҷозат бидиҳанд: "Дар Қирғизистон шумораи занони бешавҳар назар ба мардон 58 ҳазор бештар аст. Онҳо интихоби зиёде надоранд: Ё шавҳари хитоӣ кардан, ё бе шавҳар мондан ваё зани дуюм шудан. Яъне 58 ҳазор мард бояд зани дуюм бигиранд.”

Ин изҳороти муфтии собиқ дар бораи зани дуюм гирифтанаш ба мавҷи вокуниши манфии бахусус ҳомиёни ҳуқуқи занон рӯбарӯ шуд ва чанд созмон аз додститонӣ даъват кард, то қазияи зани дуюми Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалиловро таҳқиқ кунад. Муфтии собиқро барои бозпурсӣ ба додситонӣ даъват карданд, вале натиҷаи таҳқиқот то ҳол нашр нашудааст.

Наврӯз, ки лаҳзаи баробар шудани шабу рӯз ва расидани фасли баҳор аст, дар ҳафтаи сеюми моҳи март ва дар Осиёи Марказӣ рӯзи 21 март таҷлил мешавад. Наврӯз дар чандин кишвар, аз ҷумла дар Эрон ва Афғонистон соли нави расмӣ ба шумор рафта, ҳамчунин дар кишварҳои зиёде аз Боснияву Гурҷистон то Осиёи Марказӣ ва Шинҷони Чин, аз минтақаҳои мусалмоннишини Русия бо Ҳинду Покистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар Тоҷикистон низ ҳар сол дар остонаи иди Наврӯз баҳсҳое дармегиранд, ки оё то куҷо таҷлили Наврӯз барои мусалмонон дуруст аст? Пайравони равияҳои тунди мазҳабӣ ин идро иди оташпарастон хонда, таҷлили Наврӯзро гуноҳ ва ҳатто куфр мешуморанд, вале бахши аъзами мардум, бахусус зиёиён мӯътақиданд, ки арҷгузорӣ ба ин иди бостонии мардуми тоҷик ба ҳеҷ сурат гуноҳ нест.

Соли гузашта низ дар арафаи иди Наврӯз корбаре бо номи Садриддин Тоҷиддинов дар саҳифааш бо Фейсбук бо овардани чанд иқтибос аз фақеҳони гузашта чунин "фатво” дода буд ки:"Бояд бидонед эй мусалмонони дунё, хусусан тоҷикону эрониён, ки иди Наврӯз иди оташпарастон аст. Ҳар касе ин идро ҷашн бигирад, фардои Қиёмат ҳамроҳи оташпарастон мехезад.Пас ҳар мусалмонро лозим аст ки аз ин иди оташпарастон парҳез кунад.

Як иқтибоси Садриддин Тоҷиддинов аз ҷумла аз Аллома Ибни Обидини Шомии Ҳанафӣ буд, ки гӯё дар шарҳи "Дуррул-мухтор" навиштааст:"Агар шахсе ибодат кунад Аллоҳро 50-сол баъд аз он ҳадя кунад мушрикеро дар рӯзи Наврӯз як тухме ба нияти иди Наврӯз ба таҳқиқ кофир мешавад ва 50-сола ибодаташ ҳабата мешавад.”

Иқтибоси дигари ӯ аз Шабир Аҳмади Усмонии Ҳанафӣ аст, ки дар "Фатҳул-Мулҳим" навиштааст: "Фараҳманд шудан ба иди Наврӯз ва ҷашн гирифтани Наврӯз ҳаром аст. Гуфт Шайх Абӯҳафси Кабирӣ Ҳанафӣ, ки ҳадияи тухм ба маҷусӣ дар рӯзи Наврӯз куфр аст.”

Ӯ ҳамин тавр иддао дорад, ки дар чанд китоби фиқҳии мазҳаби Ҳанафия, аз ҷумла дар "Фатвои Ҳиндия”, "Нурул-Эзоҳ", "Мароқиял-Фалоҳ" ва "Кашфул-Лассом" фақеҳони ин мазҳаб рӯза гирифтан дар идҳои Наврӯз ва Меҳргонро макрӯҳ ҳукм кардаанд. Ва ҳам гӯё Абдуллоҳ ибни Амр гуфта бошад, ки "касе ки ҷашн гирад иди Наврӯз ва иди Меҳргонро ва худро ташбеҳ бо куффор кунад ва бимирад бо ҳамон қавми куффор дар Қиёмат мехезад.”

 

Аммо донишманди маъруфи тоҷик Сафари Абдуллоҳ (ДАР АКС) дар як матлаби муффассал дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, Наврӯз дар тӯли ҳазорон сол тавонист худро дар баробари ҳама таарузҳо нигоҳ бидорад ва ҳамчун як ҳадяи мардуми тоҷик ба ҷаҳониён манзалаташро ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳад дод.

 

Наврӯз Пири мост,ки дар чеҳраи нуронии ӯ ғубори нуқрагини садаҳо нишаста аст.Наврӯз замоне бо садои муғҳо мезист, гоҳо розу ниёзи меҳргароёнро мешунид,гоҳо нағмаҳои мӯбадонрову баъдҳо ояҳои Қуръонро ва бо забони Эзади якто ба ҷаҳониён паёми шодмонӣ ва шукуфоӣ медод.
Наврӯзро сарбозони Искандари гуҷастак,хунхорони аъроби бидавӣ,лашкари муғул,кумунистҳои бедин ва ғ...мехостанд ба нобадӣ бикашанд.Алорағми ҳамаи ҳуҷумҳо ва номулоиматиҳо ва номеҳрубониҳо ин ойини деринаи мо,истод ва мубориза кард ва ҷовидонӣ шуд.Ҳатто дар сангинтарин рӯзгор ки сарбозони нимаваҳшии Қутайба дар кишвари он замон паҳновари мо хайма зада буданд ва алайҳи фарҳангу ойинҳои миллии мо меразмиданд ва хурду калонро аз дами шамшер мегузарониданд,ва рӯди Ому аз хуни тоҷикон гулгун шуда буд,дар Хуросони Бузург ,дар оромии мусибатзадаи шаҳрои ба хун оғушта,дар канори оташкадаҳои сарду хомӯш, бо шӯру шаъаф ва дилгармӣ Наврӯзро ҷашн мегирифт. Дар замоне ки идиулужии кумунистӣ дар кишвари мо ҳоким буд,ва дам задан аз сунану ойинҳои миллӣ қаҳрамонӣ ва диловарӣ мехост,қавми мо на танҳо дар Самарқанду Бухорову Хуҷанду...балки дар рустоҳои дуртарини Тоҷикистон Наврӯзро таҷлил мекарданд. Чӣ қудрати ҷонбахшӣ ва тавонбахшӣ дорад,ин Наврӯз,ки қавми моро ба худ ҷалбу ҷазб карда аст ва мо дигар ба Наврӯз аҷин гаштаем! Ҳурмуздрӯз ,вақте оташи аҳуроӣ дубора оташи Наврӯзро фурӯзон мекунад, мо дар жарфои дили хеш ва дар парвози андешаҳоямон ,аз дарознои бекаронаи садаҳо убур мекунем ва ҳамаи Наврӯзҳое,ки дар зери осмони нилӣ ва хуршеди тобон дар ин сарзамини аҳуроии мо баргузор шуда буд ,ба наҳве ширкат мекунем ва бо ниёконамон,ки хунашон дар рагҳои мо ҷорист ва рӯҳашон ҳанӯз дар дилҳои мо метапад мепайвандем .Кош чунин пайванд ҳаргиз гусаста нагардад. Наврӯз ҳадяи қавми мо ба ҷаҳониён аст ва ҳамаи касоне ки замоне дар фалоти фарҳангии Эронзамини таърихӣ зистаанд онро пазируфта ва парвариш медиҳанд!

 

Наврӯз дар соли 2016 бо пешниҳоди 17 кишваре, ки ин идро ҷашн мегиранд, ҳамчун мероси башарият ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО, Идораи илму фарҳанги СММ шомил карда шуд. Дар Тоҷикистон Наврӯз ба таври густарда таҷлил мешавад ва ба муносибати ин ид дар кишвар се рӯзи таътил эълон шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон