ҚАБРИСТОНИ ҚАДИМАИ ҚАЛЪАИ ҲИСОРРО БО ЭКСКАВАТОР ВАЙРОН КАРДАНД (ВИДЕО)

  • 19.02.2018, 06:22,
  • Дин
  • Хонанда: 2 582
  • 0

Рӯзи 16 феврал мақомот экскаватору мошинҳои КАМАЗ-ро оварда, қабристони қадимаи деҳаи Қалъаи Ҳисорро, ки дар гузашта дар ин ҷо асосан эшонҳо ва аъёну ашрофро гӯр мекарданд, вайрон карданд. Ба сокинони норозӣ гуфтаанд, ки дар ҷои қабристони таърихӣ биинои идории як сохтори минтақавии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон сохта хоҳад шуд.

 

Сокинони деҳаи Қалъаи Ҳисор, воқеъ дар 25-километрии ғарби Душанбе рӯзи 16 феврал бо ирсоли ин видео ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки мақомот экскаватору мошинҳои КАМАЗ-ро оварда, қабристони қадимаи ин деҳаро вайрон карданд.

Ин амал ба вокуниши шадидан манфии сокинони Қалъаи Ҳисор рӯбарӯ шудааст. Онҳо мегӯянд, ин оромгоҳ дар байни мардум бо номи "қабристони бобоҳо” машҳур буд ва дар ин ҷо ҳанӯз аз замони дар Қалхаи Ҳисор ҷойгир будани идораи мири Ҳисор асосан ҷанозаҳои эшонзодаҳо ва аъёну ашрофи даврони аморати Бухороро мегӯронданд.

Қабристони бобоҳо дар даруни девори қалъаи мири Ҳисор буд. Баъди суқути аморати Бухоро низ сокинони Ҳисор дар инҷо ҷанозаҳои наздикони худ ва асосан одамони баобрӯро ба хок месупурданд. Сокинони Қалъаи Ҳисор мегӯянд, ин оромгоҳ то солҳои 50- 60 истифода мешуд ва охирин ҷанозаҳое, ки дар "қабристони бобоҳо” хок шудаанд, аз соли 1965 будааст.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи сокинон, дар ин оромгоҳ ҳудуди 500 қабр мавҷуд буд. Рӯзи 16 феврал экскаваторҳо тақрибан нисфи замини ин қабристонро, ки ҳудуди 2 гектар аст, ҳамвор карданд.

Сокинони Қалъаи Ҳисор мегӯянд, дар ҷараёни ҳамвор кардани қабрҳои қадима устухонпораҳои чандин мурда зери дандонаҳои экскаватор рӯи хок баромад ва мардум ашк дар чашм ин устухонпораҳоро ҷамъ меоварданд, то дар қабристони дигари ин деҳа ба хок супоранд.

Мақомот дар посух ба эътирози сокинони Қалъаи Ҳисор, бахусус онҳое, ки дар ин "қабристони бобоҳо” наздиконашон хок шудаанд, гуфтаанд, ки дар ҷои қабристон бинои идораи як сохтори минтақавии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сохта мешавад. Мақомот гуфтаанд, тасмими вайрон кардани қабристони қадимаи Қалъаи Ҳисор ва сохтани бинои вазорати дохила дар ҷои он алакай ниҳоӣ шудааст ва бозбинӣ намешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон