ДАРГУЗАШТИ МОДАРИ ҲОҶӢ МИРЗО

  • 18.01.2018, 06:23,
  • Дин
  • хонанда 1 238
  • 0

Саъбагул Ибронова, модари рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Мирзо, рӯзи 17 январ дар синни 82 аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи марҳума рӯзи 18 январ дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози пешин доир мешавад. Ҳоҷӣ Мирзо моҳи март падараш Ҳоҷӣ Давлатро низ аз даст дода буд.

 

Наздикони рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо рӯзи 17 январ ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки модари ӯ Саъбагул Ибронова имрӯз дар синни 82 вафот кард. Ба гуфтаи наздикони Ҳоҷӣ Мирзо, модараш чанд вақти охир мариз буд ва дар манзили фарзандаш ҷон ба Ҷаббор супурдааст.

Қарор шудааст, ки модари Ҳоҷӣ Мирзоро дар Душанбе ба хок супоранд. Маросими намози ҷанозаи Саъбагул Ибронова рӯзи 18 январ дар вақти намози пешин дар масҷиди марказии пойтахт, дар назди мадраса доир хоҳад шуд.

Ҳоҷӣ Мирзо, ки соли гузашта ба далели дар мусофират дар Русия қарор доштанаш дар маросими дафни падараш ширкат карда натавонист, ҳоло дар Душанбе будааст. Ба гуфтаи наздиконаш, Ҳоҷӣ Мирзо то дами марги модар дар канори ӯ буд.

Ҷанозаи Ҳоҷӣ Давлат Ибронов, падари Ҳоҷӣ Мирзо, ки рӯзи 28 феврали соли 2017 дар синни 92 дар манзили писараш дар пойтахт аз олам чашм пӯшид, низ дар Душанбе, дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурда шуда буд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ чанд соли охир бемори бистарӣ буд ва роҳ гашта наметавонист.

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов яке аз маъруфтарин воизони тоҷик аст, ки бо мавъизаҳояш дар масоили фиқҳиву шаръӣ ном баровардааст. Ҳоҷӣ Мирзо то соли 2012 имомхатиби масҷиди ҷомеи "Ҳилоли Аҳмар” дар шаҳри Кӯлоб буд ва ин масҷид ба далели маҳорати имомаш дар он даврон ҳар намози ҷумъа то 5 ҳазор намозгузорро аз шаҳри Кӯлобу минтақаи Кӯлоб ва ҳатто аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистону берун аз он гирд меовард.

Баъди аз мақоми имомати масҷиди "Ҳилоли Аҳмар” барканор кардани Ҳоҷӣ Мирзо ин масҷид шӯҳрату маъруфияти қаблиашро аз даст дод ва ва сафи намозгузоронаш низ дигар танҳо бо сокинони маҳаллаҳои атрофи масҷид маҳдуд шуд.

Исми ин масҷид ҳамчунин дар солҳои охир бештар бо парвандаҳои ҷиноии марбут ба имомҳои баъдиаш ва наздикони онҳо расонаӣ мешавад.

Аз ҷумла дар моҳи июни соли 2016 имомхатиби масҷиди "Ҳилоли Аҳмар” Тоҳир Ашӯров бо гуноҳи талоши таъсиси шӯъбаи созмони "Давлати исломӣ” ва пайравӣ аз ҷараёни мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Дар ибтидои соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Хатлон Раҷабалӣ Умаров, писари Абдулмӯъмин Умаров, имомхатиби кунунии масҷиди "Ҳилоли Аҳмар”-ро бо ҷурми узвият дар созмони мамнӯи "Давлати исломӣ” ва ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба сафи ин гурӯҳи ифротӣ дар Сурия 15 сол ҳукми зиндон дод. Раҷабалӣ Умаров ҳукмашро дар зиндони Қӯрғонтеппа адо мекунад.

Пайравони Ҳоҷӣ Мирзо коҳиши обрӯи масҷиди "Ҳилоли Аҳмар” баъди аз имоматиаш барканор шудани ин рӯҳонии маъруфро як амри табиӣ ва мунтазира мешуморанд ва мегӯянд, мутаассифона, ҳеҷ кадом аз онҳое, ки баъди Ҳоҷӣ Мирзо ба раҳбарии ин масҷиди як замон пуровозаи Кӯлоб таъйин шуданд, натавонистанд обрӯ ва манзалати қобили муқоиса бо шӯҳрату эътибори Ҳоҷӣ Мирзоро соҳиб шаванд.

Пайравони Ҳоҷӣ Мирзо ва дигар рӯҳониёни маъруф дар пасманзари ҳаводиси солҳои охир, бахусус афзоиши гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротии маҳзҳабӣ ва ба Сурияву Ироқ рафтани садҳо нафар аз Тоҷикистон аз мақомоти масъули умури дин хоста буданд, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин падидаҳо рӯҳониёни мӯътабар, ба мисли Ҳоҷӣ Мирзоро ба минбар баргардонанд.

Ҳоҷӣ Мирзо баъди маҳрум шуданаш аз минбари масҷид бештар бо даъвати муридону пайравонаш ба Русия меравад. Тақрибан ҳама суханрониҳои ахири Ҳоҷӣ Мирзо дар маҳфилҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои гуногуни Русия сабт шудаанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон