ШИРКАТИ ҲАЗОРОН НАФАР ДАР НАМОЗИ ҶАНОЗАИ ЭШОНИ АБДУҚУДУС (ВИДЕО)

  • 08.01.2018, 13:12,
  • Дин
  • Хонанда: 2 010
  • 0

Эшони Абдуқудус

Рӯзи 8 январ дар намози ҷанозаи Эшони Абдуқудус, писари Эшони Абдураҳмонҷон дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳазорон нафар аз пайравони ин раҳбари тариқати зикри хуфияи Нақшбандия ҷамъ шуданд. Намози ҷанозаи Эшони Абдуқудусро рӯҳонии маъруф Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ имоматӣ кард. Ҷанозаи Эшони Абдуқудусро барои дафн ба зодгоҳаш Оби Гарм бурданд.

 

Рӯзи 8 январ ҳазорон нафар барои ширкат дар намози ҷанозаи яке аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик Эшони Абдуқудус ба деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рехтанд. Эшони Абдуқудус аз ибтидои солҳои 90 дар Чимтеппа зиндагӣ мекард. Ин рӯҳонии шинохта, ки яке аз раҳбарони тариқати зикри хуфияи Нақшбандия, яке аз пуртарафдортарин тариқатҳои аҳли тасаввуф дар Тоҷикистон ба шумор мерафт, рӯзи 7 январ дар синни 71 аз олам чашм пӯшид.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар маросими видоъ бо Эшони Абдуқудус, писари калонии Эшони Абдураҳмонҷон ва бародари муовини аввали муфтӣ Абдулбасир Саидзода, тақрибан ҳама рӯҳониёни шинохта ширкат доштанд. Шоҳидон аз ҷумла дар бораи ҳузури муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода, Эшони Абдухалилҷон, Эшони Элокӣ, бародарон Тӯраҷонзодаҳо, Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ва дигар шахсиятҳои шинохта дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон хабар доданд. Намози ҷанозаи Эшони Абдуқудусро Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ имоматӣ кардааст.

Дар видеое, ки муридони Эшони Абдуқудус ба "Ахбор” фиристоданд, дида мешавад, ки издиҳоми бузурги иборат аз ҳазорон нафар кӯчаҳои Чимтеппаро пур кардаанд ва даҳҳо нафар ҳатто болои бомҳо баромадаанд. 

 


Баъди адои намози ҷаноза, ки соати даҳи субҳи 8 январ баргузор шуд, турбати Эшони Абдуқудусро барои дафн ба зодгоҳаш – Оби Гарм бурдаанд. Падари ӯ Эшони Абдураҳмонҷон ва ҳамин тавр, фарзандони бармаҳал гузаштаи Эшони Абдуқудус низ дар Оби Гарм ба хок супурда шудаанд.

Эшони Абдуқудус се моҳ пеш як фарзандашро аз даст дода буд ва ба гуфтаи муридонаш, баъди ин мусибат аз по афтод. Ӯ ахиран дар як бемористон табобат мегирифт ва нимаи дуюми рӯзи 7 январ дар роҳи бозгашт аз бемористон дар даруни мошин вафот кардааст.

Эшони Абдуқудус намояндаи яке аз пурнуфузтарин хонаводаҳои рӯҳонӣ дар шарқ ва ҷануби Тоҷикистон ба шумор мерафт. Падари ӯ Эшони Абдураҳмонҷон дар даврони Шӯравӣ яке аз бузургтарин тариқатҳои тасаввуфӣ – зикри хуфияи Нақшбандияро раҳбарӣ мекард.

Аксари пирони тариқати сӯфия дар Тоҷикистон, аз ҷумла пайравони Эшони АбдураҳмонҷонДомулло Абдураҳими ЭлокӣДомулло Муҳаммадии Қумсангирӣаз имрӯзаҳо  домуллоҲикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз ҳамин равияи зикри хуфия пайравӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон танҳо пайравони Эшони Абдулхалили Қумсангирӣ ва пайравони Тӯраҷонзодаҳо намояндаи равияи дигари тариқати Нақшбандия – зикри ҷаҳрия мебошанд. Фарқи байни онҳо дар ин аст, ки пайравони зикри хуфия дар дил хомӯшона зикр мекунанд ва пайравони зикри ҷаҳрия баракс ҳангоми зикр бо садои баланд ҷаҳр мекашанд.

Баъди даргузашти Эшони Абдураҳмонҷон дар ибтидои солҳои 90 раҳбарии тариқати ӯро фарзандонаш, аз ҷумла Эшони Абдуқудус ба даст гирифтанд.

Бародари хурдии ӯ – Эшони Абдулбасир (ДАР АКС), ки 54 сол дорад, муовини аввали раиси Шӯрои уламои муфтиёти Тоҷикистон мебошад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон