ФАВРӢ! ДАРГУЗАШТИ ЭШОНИ АБДУҚУДУС – ФАРЗАНДИ ЭШОНИ АБДУРАҲМОНҶОН

  • 08.01.2018, 09:10,
  • Дин
  • Хонанда: 1 938
  • 0

Эшони Абдуқудус

Эшони Абдуқудус, фарзанди Эшони Абдураҳмонҷон ва бародари калонии муовини аввали муфтии Тоҷикистон Эшони Абдулбасир Саидзода, нимаи дуюми рӯзи 7 январ дар синни 72 аз олам чашм пӯшид. Маросими дафни ин раҳбари тариқати зикри хуфияи Нақшбандия дар Тоҷикистон, рӯзи 8 январ доир мешавад.

Муридони Эшони Абдуқудус, фарзанди калонии Эшони Абдураҳмонҷон, яке аз раҳбарони тариқати Нақшбандия дар Тоҷикистон ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки ин рӯҳонии маъруф нимаи дуюми рӯзи 7 январ дар синни 72 вафот кард.

Ба гуфтаи муридонаш, маросими дафни Эшони Абдуқудус рӯзи 8 январ дар маҳалли зисташ – ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ доир мешавад ва сипас ҷанозаро барои дафн ба зодгоҳи Эшони Абдуқудус – деҳаи Қалъаи нави минтақаи Оби Гарм хоҳанд бурд.

Падари Эшони Абдуқудус – Эшони Абдураҳмонҷон дар Оби Гарм дафн шудааст.

Эшони Абдуқудус намояндаи яке аз пурнуфузтарин хонаводаҳои рӯҳонӣ дар шарқ ва ҷануби Тоҷикистон ба шумор мерафт. Падари ӯ Эшони Абдураҳмонҷон дар даврони Шӯравӣ яке аз бузургтарин тариқатҳои тасаввуфӣ – зикри хуфияи Нақшбандияро раҳбарӣ мекард.


Аксари пирони тариқати сӯфия дар Тоҷикистон, аз ҷумла пайравониЭшони АбдураҳмонҷонДомулло Абдураҳими ЭлокӣДомулло Муҳаммадии Қумсангирӣаз имрӯзаҳо  домуллоҲикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз ҳамин равияи зикри хуфия пайравӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон танҳо пайравони Эшони Абдулхалили Қумсангирӣ ва пайравони Тӯраҷонзодаҳо намояндаи равияи дигари тариқати Нақшбандия – зикри ҷаҳрия мебошанд. Фарқи байни онҳо дар ин аст, ки пайравони зикри хуфия дар дил хомӯшона зикр мекунанд ва пайравони зикри ҷаҳрия баракс ҳангоми зикр бо садои баланд ҷаҳр мекашанд.

Баъди даргузашти Эшони Абдураҳмонҷон дар ибтидои солҳои 90 раҳбарии тариқати ӯро фарзандонаш, аз ҷумла Эшони Абдуқудус ба даст гирифтанд.

Бародари хурдии ӯ – Эшони Абдулбасир Саизода (ДАР АКС), ки 54 сол дорад, муовини аввали раиси Шӯрои уламои муфтиёти Тоҷикистон мебошад.

 

СӮФИЁНИ ТАРИҚАТИ НАҚШБАНДИЯ: ДАСТ БА КОРУ ДИЛ БА ЁР

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон