БОЗПУРСИИ НАМОЗГУЗОРОН ДАР БОРАИ ЭШОНИ НУРИДДИНҶОН

  • 06.01.2018, 06:22,
  • Дин
  • Хонанда: 421
  • 0

Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода

Мақомоти вилояти Суғд ҳудуди 10 намозгузори яке аз масҷидҳои Панҷакентро дар робита ба як баҳси динии 10 соли пеш мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Яке аз онҳо мегӯяд, саволҳои мақомот асосан дар бораи рӯҳонии маъруф Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода буд. Эшони Нуриддинҷон 5 сол боз аз минбари масҷид маҳрум шуда, дар зодгоҳаш гӯшанишин аст.

 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар ҷараёни таҳқиқи як баҳси маҳзабие, ки ҳанӯз соли 2008 сурат гирифтааст, ҳудуди 10 тан аз намозгузорони яке аз масҷидҳои Панҷакентро таҳти бозпурсӣ қарор додаанд. Яке аз онҳо мегӯяд, ки таҳти фишор баёноте додааст, ки метавонад ба зидди Эшони Нуриддинҷон, намояндаи хонаводаи бонуфузи рӯҳонии Тӯраҷонзодаҳо истифода шавад.

Ин мард мегӯяд: "Дар соли 2008 бо фатвои як домулло, ки дар Покистон таҳсил карда буд, бо маслиҳати имоми деҳа намози ҷумъаро якомина карданд. Ҷумъаи дигараш дар ҳузури ҳама ба Эшони Нуриддин занг заданд ва намозро боз сеомина карданд. Муфаттиш пурсид, ки ту будӣ онҷо? Домуллоро оварданд, вай гуфт, ки ин ҳам буд. Ман гуфтам, ки будам, вале нашунидам, ки Эшони Нуриддин чӣ гуфтанд. Вале дар баёноти ман навиштаанд, ки гӯё Эшони Нуриддин ин домуллоро салафӣ эълон карда бошад. Ман ин гапро нашунидаам, вале зери фишор маҷбур шудам ки баёнотро имзо кунам, чунки ба дастонам ҳатто завлона заданд.”

Мусалмонони Осиёи Марказӣ суннатан баъди намоз, аз ҷумла баъди намози ҷумъа се дафъа – баъди тасбеҳ, баъди тиловати ояте аз Қуръон ва баъди гуфтани салавот – омин мекунанд. Вале дар ибтидои солҳои 2000 муллоҳои навбаромаде, ки аксар дар хориҷ таҳсил карда буданд, се бор омин карданро ноҷоиз дониста, мегуфтанд, ки омини баъди намоз аслан шарт нест ваё ҳадди аксар як маротибааш кофист. Ба намози бидуни омин ё якомина бештар аз ҳама он рӯҳониёне пойфишорӣ мекарданд, ки пайрави Салафия шумурда мешаванд.

Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода, фарзанди калонии Эшони Тӯраҷон 20 марти соли 1953 дар деҳаи Туркобод (ҳоло – Ваҳдатобод)-и ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло – Ваҳдат) ба дунё омадааст. Эшони Нуриддинҷон ибтидо дар назди бобояш домулло Абдусамади Ромитӣ Қуръонро аз бар карда, сипас дар пеши Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ илми фиқҳро омӯхтааст.

Эшони Нуриддинҷон дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 6 сол – аз соли 1992 то 1998 – дар Қазоқистон зиндагӣ карда, баъди имзои созишномаи сулҳ ба Ватан баргашт.

Эшони Нуриддинҷон баъди бозгашташ имоматии масҷиди "Муҳаммадия”-ро, ки хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар зодгоҳашон бунёд карданд, ба дӯш гирифт ва ин масҷид то замони баста шуданаш дар соли 2012 яке аз пурнамозгузортарин масҷидҳои Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ҳар рӯзи ҷумъа барои адои намоз ва шунидани мавъизаҳои Эшони Нуриддинҷону бародари хурдиаш Эшони Маҳмудҷон ҳазорон нафар аз саросари Тоҷикистон ба масҷиди "Муҳаммадия” меомаданд.

Ӯ ҳамин тавр, баъди даргузашти падараш Эшони Тӯраҷон пири яке аз тариқатҳои ҷаҳрияи аҳли тасаввуф интихоб шуд ва раҳбарии муридони хонаводаашонро ба дӯш гирифт.

Соли 2012 масҷиди ҷомеи "Муҳаммадия” бо баҳонаи баргузории маросими Ошӯро бо ҳукми додгоҳ баста шуд. Талоши Тӯраҷонзодаҳо барои тавассути даъвоҳои додгоҳӣ барқарор кардани мақоми ин масҷид, ки ба масҷиди панҷвақта табдил дода шуд, натиҷа надод ва Эшони Нуриддинҷон ва ҳамин тавр, дигар намояндагони хонаводаи Тӯраҷонзода аз минбари масҷид маҳрум шуданд.

Тӯраҷонзодаҳо баъди танг шуданашон аз минбари масҷидҳои расмӣ дар Интернет барои ҳифзи тамос бо пайравони худ сомонаи "Тӯраҷон”-ро боз карда буданд. Вале дастрасӣ ба ин сомонаро низ тақрибан се сол боз масдуд кардаанд.

Эшони Нуриддинҷон, ки 12 фарзанд дорад, чанд сол боз дар зодгоҳаш – Ваҳдатобод – гӯшанишиниро ихтиёр кардааст ва дар маҳзари ом ками дар кам зоҳир мешавад. Бори охир номи ӯ моҳи октябр, вақте расонаӣ шуд, ки бародарҷон Тӯраҷонзодаҳо, аз ҷумла Эшони Нуриддинҷон, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Эшони Маҳмудҷон барои фотиҳахонӣ ба манзили Нуриддин Раҳмон, бародари фавтидаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара рафтанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон