расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ахбори махсус (навор)

Асосӣ / Ҳаводис

Ахбори махсус (навор)

24 сентябри соли 2020 раиси ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон шаҳрванд Зойиров Раҳматулло Ҳомидович, 16.03.1958 соли таваллуд, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, бинои 45/1, ҳуҷраи 27, оиладор соҳиби се фарзанд, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, тавассути шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва дигар сомонаҳои интернетӣ изҳор намуд, ки 22 сентябри соли 2020 бегоҳирӯзӣ ҳангоми гусел намудани ду нафар одамон ва дар вақти ба хона баргаштанаш, 2 нафар шахсони номаълум, ки онҳоро надидааст бо предмети оҳанин ба сараш ва гарданаш зада, ӯро ба ҷӯйбори бетонӣ тела додаанд, ки дар натиҷа ҷароҳат бардошта, 5-10 дақиқа беҳуш шудааст ва баъди ба худ омадан аз ҷӯйбор бархеста ба хонааш баргаштааст.
Санҷишҳо нишон дод, ки Зойиров Р.Ҳ. дар бораи ин ҳодиса ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арз накардааст. Новобаста аз ин аз рӯи изҳороти ӯ дар “Фейсбук” ба санҷиши ҳодиса РВКД дар ш.Душанбе ва ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шурӯъ карда, бидуни хоҳишаш вайро ба экспертизаи судӣ -тиббии ҷумҳуриявӣ даъват намуда, ташхиси тиббӣ гузаронида шуд. 
Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ таҳти №5905 аз 24 сентябри соли 2020, ҷароҳатҳои ҷисмонии дар намуди харошаҳо бардоштаи шаҳрванд Зойиров Р.Ҳ., ба зарари ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта, дар сари ӯ ягон осеби ҷароҳат ёфт нашуд.
Шоҳиди ҷойи ҳодиса шаҳрванд Давлатхоҷаев Қобилҷон Саидҷаъфарович, 1998 с.т., сокини ш.Душанбе, кӯчаи Маяковский, х.44, ҳ.1 чунин нишон дод, ки санаи 22 сентябри соли 2020 бегоҳирӯзӣ ҳамсояаш Зойиров Р.Ҳ.-ро вохӯрд, ки номбурда бо сагаш сайругашт менамуд. Дар ин маврид саг Зойиров Р.Ҳ.-ро ба як тараф кашид ва дар натиҷа номбурда ба дохили ҷӯйбори бетонӣ афтид. 
Давлатхоҷаев Қ.С. изҳор намуд, ки Зойиров Р.Ҳ. пас аз афтидан ба ҷуйбор ҷароҳат бардошт ва худаш аз ҷуйбор бархест. Ӯро ҳеҷ кас лату кӯб накардааст, зеро дар гирду атрофи ҷойи ҳодиса ба ғайр аз онҳо ягон шахси дигар ҳузур надоштааст.
Шаҳрванд Ҳусейнов Фахриддин Раҳмиддинович, 1963 с.т., сокини ш.Душанбе, кӯчаи Маяковский, х.48. ҳ.25 дар баёноти худ чунин нишон дод, ки рӯзи 23 сентябри соли 2020 тахминан соатҳои 07:00-дақиқа бо шаҳрванд Зойиров Р.Ҳ. вомехӯрад. Дар рафти суҳбат Зоийров Р.Ҳ. оиди харошҳои рӯяш ба ӯ гуфтааст, ки дар назди бинои истиқоматиаш афтида буд.
Ҳамчунин ҳамсари Зойиров Р.Ҳ. шаҳрванд Каримова Мавзуна Тимуровна, 1959 с.т., сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, х.45/1, ҳ.27, чунин нишон дод, ки рӯзи 22 сентябри соли 2020 шавҳараш бегоҳирӯзӣ ба хона омад ва либосҳои ӯ дар лой олуда буд. Вақте, ки аз ӯ пурсон мешавад, ки чаро либосҳояш тару лойолуд аст, ӯ ҷавоб медиҳад, ки ба ҷӯйбор афтидааст. Дар бораи лату кӯб Зойиров Р.Ҳ. ба ӯ чизе нагуфтааст. 
Яъне дар вақти санҷиши ҳаматарафа, ваҷҳҳои овардаи шаҳрванд Зойиров Р.Ҳ. тасдиқи худро наёфт, зеро бегоҳирӯзӣ ҳанӯз торикӣ фаро нарасида, гирду атрофи ҷойи ҳодиса равшан буд. Дар сурати аз ҷониби шахсон, ба изҳороти Зойиров Р.Ҳ. ду нафар ӯро лату кӯб намуданд ва ӯ чанд дақиқа беҳуш дар ҷӯйбор хобид, ин ҳодисаро одамони зиёд, ки одатан дар ин мавзеъ сайру гашт менамояд, мушоҳида мекарданд. 
Айни замон аз ҷониби ШТ ШВКД-1 дар ноҳияи Сино оиди ҳодисаи мазкур санҷиши пешакӣ идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.