Ҷасади як шахси гумшуда аз дарёи Зарафшон ёфт шуд
Ҷасади Мусулмон Мусулмонови 37-сола, сокини деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ рӯзи 11-уми август дар минтақаи деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент, дар дарёи Зарафшон ёфт шудааст. Ӯ аз 8-уми август бедарак буд. Дар ин бора бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар додааст.
Манбаъ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштаст, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагони водии Зарафшон ҷасадро бароварда ба мақомоти дахлдор дар ноҳияи Айнӣ супориданд.
Манбаъ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштаст, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагони водии Зарафшон ҷасадро бароварда ба мақомоти дахлдор дар ноҳияи Айнӣ супориданд.
“Баъдан маълум шуд, ки марди дар об ғарқшуда шаҳрванд Мусулмонов Мусулмон Сироҷиддинович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ мебошад”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки Мусулмонов рӯзи 8-уми августи соли ҷорӣ аз хона баромада, бедарак гашта буд ва “ниҳоят баъди 3 рӯз муайян шуд, ки шаҳрванд ба дарёи Зарафшон афтода, ғарқ шудааст”.
Ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёву кӯлҳо 86 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёву кӯлҳо 86 нафар ба ҳалокат расидаанд.