Ваҳдат: Як мард занашро бо корд захмӣ карда, худро оташ задааст
Як марди 39‑солаи сокини шаҳри Ваҳдат дар заминаи рашк занашро бо корди конселярӣ захмӣ карда, баъд ба хотири озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худашро оташ задааст. Дар ин бора ВКД хабар додааст.Манбаъ менависад, ки ба шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат зани 37‑солаи сокини шаҳри мазкур бо аризаи шикоятӣ дар хусуси он ки рӯзи 9‑уми август шавҳараш бо сабаби рашк дар пайи муноқишаи оилавӣ тавассути корди конселярӣ узвҳои ҳаётан муҳимашро буридааст, муроҷиат кардааст.
Ба маълумоти ВКД, гумонбаршаванда бо мақсади аз ҷавобгарии чиноятӣ озод шудан “ба НФС “ОРИЁ”-и шаҳри Ваҳдат омада, дар зарфи обгирӣ сӯзишвории бензин дастрас намуда, тавассути он берун аз нуқтаи маҳалли аҳолинишин худро оташ задааст”.
Зикр шудааст, ки ҳардуи онҳо дар шӯъбаи эҳёи беморхона бистарӣ шудаанд ва вазъи саломатияшон вазнин мебошад. Алҳол оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бояд гуфт, чунин муносибати хушунатбор дар Тоҷикистон зуд-зуд рух медиҳанд.
Масалан, соли 2022 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд марди 36-сола зан ва фарзандашро ба қатл расонида, пас аз он ҷасадҳоро оташ задааст.
Дар натиҷа нисбати мард тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (куштор) парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.