расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вохӯрии навбатии мақомоти минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Вохӯрии навбатии мақомоти минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон



Дар Ботканд вохӯрии дуҷонибаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.

Ҷонибҳо аз ҷумла пешгирии фаъолияти гуногун дар қаламравҳои мувофиқанашударо баррасӣ карданд.

Ҳайати Қирғизистонро муовини аввали ҳокими ноҳияи Ботканд Таалайбек Ибраимов ва Тоҷикистонро - раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода роҳбарӣ карданд.
Вохӯрӣ дар мавзеи наздимарзии деҳаи Уртабузи Қирғизистон ва маҳаллаи аҳолинишини Хоҷаи Аълои Тоҷикистон баргузор шуд.
Сурат: Turmush
Бино ба маълумоти Turmush, ҷонибҳо масоили марбут ба оби нӯшокиро, ки аз Ворухи Тоҷикистон ба авулҳои Оқ-Сой, Оқ-Татир, Самарқандеки ноҳияи Ботканд меояд, баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҳамчунин масоили вобаста ба сарҳад, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, оби нӯшокӣ, иҷрои мувофиқашудаи ҳамаи корҳо дар минтақаҳои наздимарзӣ баррасӣ шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаи пешгирии сохтмон ва дигар навъҳои фаъолият дар қаламравҳои мувофиқанашуда бидуни баррасии ҳарду тараф таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин ҳафта зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев изҳор намуд, ки дар масъалаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистон "як қатор ҷузъиёт боқӣ мондаанд", ки ҳоло дар марҳилаи мувофиқа қарор доранд ва дар кӯтоҳтарин муддат - ду-се моҳи оянда роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.