расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАМЛАИ МУШАКӢ ДАР СОАТИ ДУИ ШАБ: ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ РАҲБАРИ ҲАМОС ИСМОИЛ ҲАНИЯ ДАР ТЕҲРОН

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

ҲАМЛАИ МУШАКӢ ДАР СОАТИ ДУИ ШАБ: ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ РАҲБАРИ ҲАМОС ИСМОИЛ ҲАНИЯ ДАР ТЕҲРОН

ҲАМЛАИ МУШАКӢ ДАР СОАТИ ДУИ ШАБ: ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ РАҲБАРИ ҲАМОС ИСМОИЛ ҲАНИЯ ДАР ТЕҲРОН
Раҳбари дафтари сиёсии гуруҳи фаластинии ҲАМОС Исмоил Ҳания ва муҳофизи ӯ шаби 31 июли соли 2024 дар натиҷаи як амалиёти вижаи Исроил дар Теҳрон кушта шуданд. Ҳания барои иштирок дар маросими адои савганди раисиҷумҳури нави Эрон Масъуди Пизишкиён ба пойтахти Ҷумҳурии исломӣ омада буд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, Ҳания ва яке аз муҳофизонаш дар натиҷаи ҳамлаи артиши Исроил ба қароргоҳи онҳо дар Теҳрон ҷон бохтанд. ҲАМОС, ки аз соли 2007 назорати навори Ғаза, як қисмати сарзаминҳои фаластиниро дар даст дорад, марги раҳбари сиёсиашро тасдиқ кард ва изҳор дошт, ки Ҳания “дар натиҷаи ҳамлаи аҳдшиканонаи саҳюнистҳо ба қароргоҳаш дар Теҳрон” кушта шуд.
Дар ҳамин ҳол, Al-Arabiya  хабар дод, ки Исмоил Ҳания дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ба манзиле дар Теҳрон ки ӯ дар ҷараёни сафараш ба Эрон онҷо мезист, кушта шудааст.
“Исмоил Ҳания соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 03:30 ба вақти Душанбе — “Бомдод”) дар натиҷаи мустақиман ба макони зисти раҳбари дафтари сиёсии ҲАМОС асобат кардани мушак кушта шуд”, — гуфта мешавад дар гузориши “Ал-Арабия”.
Дар ТСАХАЛ (артиши Исроил)  гуфтаанд, ки “хабарҳои расонаҳои хориҷиро шарҳ намедиҳанд”. Аммо вазири умури Байтулмуқаддас ва мероси Исроил Амихай Элияҳу гуфтааст, қатли Исмоил Ҳания “як шеваи дурусти тоза кардани дунёст”. “Марги Ҳания ҷаҳонро беҳтар мекунад” — таъкид кардааст ин вазири исроилӣ.
Исмоил Ҳания  аз соли 2017 раҳбарии дафтари сиёсии ҲАМОСро дар даст дошт ва аз ҳамон вақт дар Қатар ба сар мебурд. Моҳи апрели соли 2024 дар натиҷаи ҳамлаи Исроил ба навори Ғаза 3 писар ва 4 набераи Исмоил Ҳания кушта шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.