расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶАВОНЕРО, КИ ШАМЪҲОРО ДАР КАЛИСО ХОМӮШ КАРД, БА БЕМОРХОНАИ РӮҲӢ ФИРИСТОДАНД

Асосӣ / Ҷомеа

ҶАВОНЕРО, КИ ШАМЪҲОРО ДАР КАЛИСО ХОМӮШ КАРД, БА БЕМОРХОНАИ РӮҲӢ ФИРИСТОДАНД

ҶАВОНЕРО, КИ ШАМЪҲОРО ДАР КАЛИСО ХОМӮШ КАРД, БА БЕМОРХОНАИ РӮҲӢ ФИРИСТОДАНД
Додситонии шаҳри Маскав рӯзи 23 июли соли 2024 хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Зюзинои пойтахти Русия ҳукми худро дар қиболи як ҷавони 20-солаи зодаи Тоҷикистон, ки ба хомӯш кардани шамъҳо дар калисои православӣ айбдор мешуд, содир кард.
Ин ҳодиса 18 июни соли 2024 рух дода буд. Коршиносон ба хулоса омаданд, ки ин ҷавон гирифтори бемории руҳӣ буда, масъули амали худ нест ва барои ҷамъият хатар доштани амалҳои анҷомдодаашро дарк намекард. Бино ба хулосаи коршиносон, ин ҷавон бояд барои табобат ба бемористони махсус фиристода шавад.
Бино ба иттилои додситонии Маскав, “додгоҳ бо дарназардошти мавқеи додститонии минтақаи Зюзино, муттаҳамро ба табобати маҷбурӣ дар муассисаи тиббии махсус маҳкум кард”.
Додситонии Маскав номи ин ҷавонро наовард, вале қаблан гузориш шуда буд, ки ӯ Аскар Бутаев ном дорад ва аз Тоҷикистон аст.
Бино ба фарзияи тафтишот, Аскар Бӯтаев рӯзи 18 июни соли 2024 рӯзона ба маъбади Фёдор Ушаков, воқеъ дар минтақаи Южное Бутово, дар наздикии истгоҳи метрои “Бульвар адмирала Ушакова”,  омада, дар дохили маъбад “нисбат ба мазҳаби православӣ беэҳтиромӣ зоҳир карда, бо мақсади таҳқири эҳсосоти динии пайравони мазҳаби православӣ  шамъҳоеро, ки диндорон дар ҷараёни маросими динӣ фурӯзон карда буданд, хомӯш кардааст”. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.