расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАБСИ 2 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК БО ИТТИҲОМИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ ВАКИЛИ ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ

Асосӣ / Муҳоҷир

ҲАБСИ 2 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК БО ИТТИҲОМИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ ВАКИЛИ ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ

ҲАБСИ 2 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК БО ИТТИҲОМИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ ВАКИЛИ ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ 
Додгоҳи шаҳри Самара дар ҷануби Русия рӯзи 20 июли соли 2024 ду ҷавони 19-солаи зодаи Тоҷикистону Ӯзбекистон Некрӯз Боҳиров ва Мурод Мусуров ва навраси 16-солаи сокини Самара Артур Багировро бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони вакили Думаи давлатӣ, палатаи поёнии парлумони ин кишвар Михаил Матвеев ва ронандаи ӯ ба муҳлати 2 моҳ, яъне то 18 сентябр ба ҳабси пешакӣ гирифт. 
Некрӯз Боҳиров гуноҳашро эътироф карда, дар посух ба суоли судя Карина Бичкова ҷавоб дод, ки “изҳори пушаймонӣ мекунам ва омодаам, ки узр бипурсам”.
Некрӯз Боҳиров, санаи таваллудаш 2 феврали соли 2005, зодари шаҳри Конибодом дар шимоли Тоҷикистон ва алакай шаҳрванди Русия будааст. Оилаи онҳо дар шаҳри Толятти сабти ном шудааст, вале дар Самара зиндагӣ мекард.
Матвеев қаблан иддао карда буд, маҳз Боҳиров “саркардаи дастаи байналмилалиест, ки сабабгори муноқиша бо сокинони маҳаллӣ шуд”. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.