расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДОДГОҲИ МАСКАВ МУРАББИИ ТОҶИК АЛИШЕРИ ИСМАТЗОДАРО ТО 28 АВГУСТ БА ҲАБС ГИРИФТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ДОДГОҲИ МАСКАВ МУРАББИИ ТОҶИК АЛИШЕРИ ИСМАТЗОДАРО ТО 28 АВГУСТ БА ҲАБС ГИРИФТ

ДОДГОҲИ МАСКАВ МУРАББИИ ТОҶИК АЛИШЕРИ ИСМАТЗОДАРО ТО 28 АВГУСТ БА ҲАБС ГИРИФТ 
Рӯзи 3 июли соли 2024 додгоҳи ноҳияи Шербинкаи шаҳри Маскав мураббии 32-солаи гуштин аз Тоҷикистон Алишери Исматзодаро бо иттиҳоми маблағгузории терроризм барои қариб ду моҳ о 28 августи соли 2024 ба ҳабс гирифт. Бар асоси қисми якуми моддаи 205.1 ба Исматзода ҳамчун ҷазо аз 7 то 15 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то 500 ҳазор рубл таҳдид мекунад.
Mуфаттиши парванда ба додгоҳ гуфтааст, ки як хешованди Исматзода дар Сурия меҷангад ва ба зидди ӯ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Исми ин хешованди Исматзода нашр нашудааст. Ба ғайр аз ин, афзудааст муфаттиш, ҳангоми кофтуков аз хонаи Алишер Исматзода адабиёти ифротӣ ёфтаанд. Ӯ ҳамчунин ба он айбдор мешавад, ки ба афроди бо ҷурми  фаъолиятҳои террористӣ зиндонишуда ваё гумонбар ба анҷоми чунин фаъолиятҳо пул гузарондааст.
Ба навбати худ адвокатҳо ба бегуноҳии Алишери Исматзода исрор варзида, гуфтаанд, ки тафтишот барои исботи даст доштани ӯ дар маблағгузории терроризм далелҳои кофӣ дар даст надорад. Онҳо аз додгоҳ хостанд, ки Исматзодаро ба ҳабси хонагӣ фиристад, на ба СИЗО. Вале додгоҳ дар ин масъала аз тафтишот пуштибонӣ накард, на аз адвокатҳои мураббии тоҷик.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.