расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОНИЕ, КИ ШАМЪҲОРО ДАР КАЛИСО ХОМӮШ КАРД, БЕМОРИИ РӮҲӢ ДОШТААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОНИЕ, КИ ШАМЪҲОРО ДАР КАЛИСО ХОМӮШ КАРД, БЕМОРИИ РӮҲӢ ДОШТААСТ

ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОНИЕ, КИ ШАМЪҲОРО ДАР КАЛИСО ХОМӮШ КАРД, БЕМОРИИ РӮҲӢ ДОШТААСТ
Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав рӯзи 24 июни соли 2024 аз анҷоми тафтиши парвандаи шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон Бӯтаев Аскар Алиҷонович, ки ба хомӯш кардани шамъҳо дар як маъбади православӣ дар ҷанубуғарби пойтахти Русия айбдор мешуд, хабар дод. Тафтишот бар асоси натиҷаи ташхиси равонии Бутаев ба хулосае омад, ки ӯ ҳангоми хомӯш кардани шамъҳо ба далели бемории равонӣ доштанаш масъули амали худ набуд ва хатараш ба ҷомиаро дарк намекард. Тафтишот хулоса додааст, ки Аскар Бутаев бояд дар бемористони бемориҳои руҳӣ таҳти табобати маҷбурӣ қарор дода шавад.
Додгоҳи ноҳияи Зюзинои шаҳри Маскав Бӯтаевро барои ду моҳ, яъне то 18 августи соли 2024  ба ҳабс гирифта буд. Бино ба фарзияи тафтишот, Аскар Бӯтаев рӯзи 18 июни соли 2024 рӯзона ба маъбади Фёдор Ушаков, воқеъ дар минтақаи Южное Бутово, дар наздикии истгоҳи метрои “Бульвар адмирала Ушакова”,  омада, дар дохили маъбад “шамъҳоеро, ки диндорон дар ҷараёни маросими динӣ фурӯзон карда буданд, хомӯш кардааст”. Ба болои ин, Бӯтаев баъди хомӯш кардани шамъҳо як зани намозгузорро, ки ба рафтораш эрод гирифта буд, тела додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.