расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЭЪЛОН!!! ЭҲСОН ХОРКАШОВ АЗ ДЕҲАИ РАРЗИ НОҲИЯИ АЙНӢ РӮЗИ ИД ГУМ ШУДААСТ

Асосӣ / Ҷаҳон

ЭЪЛОН!!! ЭҲСОН ХОРКАШОВ АЗ ДЕҲАИ РАРЗИ НОҲИЯИ АЙНӢ РӮЗИ ИД ГУМ ШУДААСТ

ЭЪЛОН!!!
ЭҲСОН ХОРКАШОВ АЗ ДЕҲАИ РАРЗИ НОҲИЯИ АЙНӢ РӮЗИ ИД ГУМ ШУДААСТ
Эҳсон Хоркашов, соли таваллудаш 2001, сокини деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ, рӯзи 16 июни соли 2024, дар рӯзи иди Қурбон, аз хона баромада бедарак шудааст. Аз ҳамаи онҳое, ки Эҳсон Хоркашовро дар ягон ҷо дидаанд, ё дар бораи куҷо будан ё куҷо рафтанаш ягон маълумоте доранд, хоҳиш карда мешавад, ки бо ин рақам занг бизананд ва хабар бидиҳанд:
+992 987 18 27 89
Ин эълонро дар гуруҳи “Ноҳияи Айнӣ” дар Фейсбук писарамаки Эҳсон Хоркашов нашр кардааст.
Дар бораи чӣ гуна гум шудани ин ҷавон маълумоти аз ин бештар дода нашудааст. Писарамакаш аз ҳама хостааст, ки эълони гум шудани Эҳсонро дар шабакаҳо бознашр кунанд, то ба ин васила барои ёфтани ӯ мусоидат шавад.
Аз ҳама хоҳиш мекунем, ки ин эълонро дар ҳар куҷое, ки метавонед, бознашр кунед!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.