расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ҚОНУНИ ҶАНҶОЛБАРАНГЕЗИ МАНЪИ ҲИҶОБРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

Асосӣ / Сиёсат

МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ҚОНУНИ ҶАНҶОЛБАРАНГЕЗИ МАНЪИ ҲИҶОБРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ҚОНУНИ ҶАНҶОЛБАРАНГЕЗИ МАНЪИ ҲИҶОБРО БАРРАСӢ МЕКУНАД
Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 19 июни соли 2024 дар иҷлосияи 18-умаш чанд қонуни ахиран қабулкардаи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон, аз ҷумла қонуни танзими ҷашну маросим, қонуни масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, қонун «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» ва ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷинояӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ хабар дод, ки иҷлосияи 18-уми палатаи болоии парлумон, даъвати шашум 19 июни соли 2024, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллӣ баргузор мешавад. 
Tарҳи аз ҳама ҷанҷолбарангезе, ки вакилони Маҷлиси миллӣ баррасӣ мекунанд, бидуни шак, тағйирот ба қонуни танзими ҷашну маросим аст, ки ду тағйироти умдааш яке манъи идгардаки кӯдакон аст, ки дар ҷомиаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёду асосан манфӣ ба бор овард. Аммо тағйироти дуюми умда дар ин қонун, ки ҳамчун манъи ҳиҷоб ном баровард, нафақат дар дохил, балки дар берун аз Тоҷикистон низ ба мавҷи вокунишҳои маҳкумкунанда рӯбарӯ шуд ва аз ҷумла дар Туркияву Афғонистон бархе рӯҳониён хутбаи намози ҷумъаро ба ҳамин мавзӯъ бахшида, аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон бо лаҳни тунд интиқод карданд.
Чанд рӯҳонии соҳибминбари афғон, аз ҷумла Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ ва Абдулқадири Ҳомӣ  дар мавъизаҳои худ ҳатто эълон карданд, ки агар ҳукумати Тоҷикистон аз манъи ҳиҷоб даст набардорад, ҷиҳод алайҳи он барои ҳама фарз мешавад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • DonaldDuh | Гости

    На нашем сайте вы найдете интересные статьи, которые помогут вам разобраться во всех нюансах продажи недвижимости. Вас ждут статьи на такие темы, как закладная на квартиру, а также продажа квартиры, и многие другие!

    Хотите стать счастливым обладателем собственной недвижимости, но не знаете, с чего начать? Наш сайт предлагает вам полную информацию на такие темы, как покупка недвижимости или ипотечные программы. Посетите наш сайт и начните свой путь к собственному жилью уже сегодня!

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.