расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?

Асосӣ / Сиёсат / Муҳоҷир

Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?

Соро Ҳакимӣ, як зани афғонистонии 39-солаест, ки дар шаҳри Ваҳдат қаҳвахонаеро бо номи “Баҳористон” боз карда, чанд муҳоҷир ё гуреза аз Афғонистонро бо ҷои кор таъмин кардааст. Ӯ соли 2021, баъди сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонситон  ҳамчун гуреза ба Тоҷикистон омад ва дар шаҳри Ваҳдат кору зиндагӣ ихтиёр кард.
Вақте нав ба Тоҷикистон омад, намедонист, ки чӣ кор кунад ва чӣ тавр рӯзӣ пайдо кунад. Аввалҳо дар хона як навъи самбӯса, ки дар Афғонистон булонӣ мегӯянд, мепухту дар маркази шаҳри Ваҳдат, минтақаи маъруф ба “Ҳайкали модар”          мефурӯхт.
“Мушкили аввали мо баъди ба Тоҷикистон муҳоҷир шудан он буд, ки намедонистем чӣ кор кунему куҷо кор кунем. Сипас, дар хона “пирожки” (булонӣ) пухта, дар назди ҳайкал савдо мекардам. Баъд аз он ки машҳур шудаму ҳама шинохтанд ва пухтупази маро пазируфтанд, қаҳвахонаи афғонӣ боз кардам.” – мегӯяд Соро.
Мушкили асосӣ дар он қаҳвахона тангии ҷой ва набудани мизу курсиҳо барои нишастани муштариён буд. Баъди як соли фаъолият он қаҳвахона аз кор бозмонд ва Соро Ҳакимӣ муддате дар бозор ба фурӯши кабудӣ машғул шуд. Ҳамакнун се моҳ мешавад, ки қаҳвахонаи дигареро бо номи “Баҳористон” боз кардааст.
Ин қаҳвахона чӣ гуна ташкил шуд, чӣ тавр фаъолият мекунад, чӣ мушкил дораду Соро чӣ гуна мехоҳад онро ҳал кунад ва нақшаҳои минбаъдаи ӯ чӣст? Дар навори зерин ба ин суолҳо посух дода шудааст.
Бояд гуфт, фаъолияти ин бонуи афғонистонӣ як намуди соҳибкории иҷтимоӣ аст, ки интизор меравад дар Тоҷикистон бо ин ном қонуне қабул гардад. Мувофиқи лоиҳаи қонуне, ки пешниҳод гардидааст, муҳоҷирон низ ба қишри осебпазири ҷомеа дохил мешаванд ва фаъолияти Соро Ҳакимӣ, ки барои чанд муҳоҷири афғонистонӣ ҷои кор муҳайё кардаасту маош медиҳад, соҳибкории иҷтимоӣ ҳисобида мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки омадани гурезагони афғон ба Тоҷикистон замоне афзоиш ёфт, ки қудратро дар Афғонистон Толибон ба даст гирифтанд. Қисме аз гурезагони афғон Тоҷикистонро барои рафтан ба кишвари сеюм интихоб кардаанд. Мувофиқи омори СММ, соли 2022 шумораи муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон тақрибан ҳудуди 14 ҳазорро дар бар мегирад, ки онҳо дар шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакиву Шаҳринав, ВМКБ, се ноҳияи вилояти Хатлон ва ду ноҳияи вилояти Суғд маскун шудаанд.
Дар Тоҷикистон онҳо бекор намонда, аксарият ба шуғле машғуланд. Бештари мардони онҳо маъмулан дар сохтмон кору фаъолият мекунанд, занонро бошад дар бахшҳои савдо вохӯрдан мумкин аст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.