расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 13 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ТОҶИК БО ҶУРМИ ҚАСДИ ҲАМЛА ДАР БОЗОРИ ШАҲРИ НЕВИНОМИССК

Асосӣ / Муҳоҷир

13 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ТОҶИК БО ҶУРМИ ҚАСДИ ҲАМЛА ДАР БОЗОРИ ШАҲРИ НЕВИНОМИССК

13 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ТОҶИК БО ҶУРМИ ҚАСДИ ҲАМЛА ДАР БОЗОРИ ШАҲРИ НЕВИНОМИССК
Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми қасди анҷоми таркиш дар бозори шаҳри Невиномисски устони Ставропол ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро дар узвият дар созмони террористӣ, омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ва ғайриқонунӣ омода кардани маводи тарканда гунаҳкор шинохт. Бо ҳукми додгоҳ, ин шаҳрванди Тоҷикистон 3 соли аввали ҳукмашро дар зиндони пӯшида ва 10 соли боқиашро дар маҳбаси низомаш сангин адо хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ устони Ставропол рӯзи 6 июни соли 2024 дар шарҳи ин парванда гуфт: "Муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда ба узвияти созмони байналмилалии террористии дар Русия мамнӯъ пайваста,Э нақша дошт, ки моҳи майи соли 2023 бо роҳи таркиш дар бозори Невиномисск ҳамлаи террористӣ анҷом бидиҳад. Вале ӯ иннақшаи худро амалӣ карда натавонист, чунки кормандони ФСБ фаъолияти ғайриқонунии ӯро ошкор карданд”.
ФСБ афзуд, ки ҳангоми кофтуков аз маҳалли зисти ӯ маводе, ки метавонанд барои сохтани бомб истифода шавад, ёфта шуд.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш ва ҳатто синну солаш нашр нашудааст, ҳанӯз дар баҳори соли 2023 дастгир шуда, беш аз як сол боз дар ҳабс қарор дорад. Худи ӯ ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Маълум нест, ки оё ӯ дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ ба адвокат дастрасӣ дошт ё на?
Шаҳри Невинномисск, ки 115 ҳазор аҳолӣ дорад, дар тақрибан 60-километрии ҷануби шаҳри Ставропол, маркази устон ҷойгир шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.