расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Куштори пурасрори 13 нафар дар Конибодом: қотилон номаълум, сокинон дар тарсу ҳарос .

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Куштори пурасрори 13 нафар дар Конибодом: қотилон номаълум, сокинон дар тарсу ҳарос .

Хабари куштори 13 аъзои чаҳор оила, ки дутояш дар деҳаи Санҷидзори Конибодом мебошад, сокинони деҳа ва рустоҳои гирду атрофи онро нигарон кардаву ба таҳлука андохтааст. Ин ҳодисаҳо боис шуданд, ки бархе сокинон дарвозаҳои худро баста, муваққатан ба хонаи наздиконашон ба дигар минтақаҳо кӯч банданд.
“Азия-Плюс” рӯзҳои 31-уми май ва 3-юми июн барои дарёфти иттилои бештар оид ба ин ҳодисаҳо, суҳбат бо наздикони кушташудаҳо ва шиносоӣ бо вазъи деҳа ба рустои Санҷидзор рафт. Аксари ҳавлиҳоро беодам, дари хонаҳоро қулфзада ва сокинонро дар ҳолати нигаронӣ дарёфтем. Бошандагони ин деҳа тоҷикон ва қирғизҳои таҳҷоӣ мебошанд.
 Дар Конибодом чӣ мегузарад?Дар охири моҳи март 5 аъзои оила дар шаҳри Конибодом кушта шуданд. Мақомот аввал эълон карданд, ки марди 65 сола ҳамсару келин ва ду набераи ноболоғашро ба қатл расонида, сипас худкушӣ кардааст. Аммо баъдан ин ҳодисаро ҳамчун куштор ба қайд гирифта таҳқиқ карда истодаанд.
Шаби 16 ба 17-уми апрел дар ҷамоати Ғафурҷон Ортиқови Конибодом ҷасади зану шавҳарро дар хонаашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд. Сабаби куштор ва қотил маълум нест.
Охирон, шаби 28 ба 29-уми май 6 нафар аъзои ду оила, аз ҷумла ду ноболиғро ба қатл расониданд.
Дарвозаи хонаи Маҳбуба Ахмедова, ки мақомот муҳр задаанд.Asia-Plus
Мувофиқи иттилои пешакии мақомот, ҳамаи кушташудагон бо роҳи буғӣ кардан ба қатл расонида шудаанд.
Мақомоти қудратӣ куштори бераҳмонаи оилаҳоро шарҳ намедиҳанд. Акбар Шарипов, масъули кор бо ВАО дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳодисаҳои куштор дар шаҳри Конибодомро дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, вале аз додани иттилои бештар барои халал ворид накардан ба рафти тафтишот худдорӣ кард.
 Тафсилоти куштори се узви як оилаМукаррам Ахмедова, хушдомани Маҳбуба Ахмедова, ҳамшираи шаби 28-29 май ҳамроҳи ду кӯдаки ноболиғаш кушташуда, то ҳол ба суоли он ки ки ва чаро келину набарҳояшро бо чунин бераҳмӣ куштааст, посух меҷӯяд. 
Ӯ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, оилаи писараш бо касе хусумат надошт ва ҳудуди 20 сол як зиндагии орому осуда дошт. Мукаррам  овозаҳо дар бораи дуздии маблағи калонро аз хонаи келинаш дар шаби кушгтор рад кард. Ба гуфтаи ӯ, писараш моҳи апрели соли равон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт ва як муҳоҷири оддӣ буд.
Мукаррам Ахмедова
Ҷасади Маҳбуба Ахмедова ва ду кӯдакашро ҳамсояҳо дар хонаҳои алоҳида пайдо кардаанд.
“Вақте Маҳбуба тамоми шаб ба зангҳои телефонӣ ҷавоб намедиҳад, писарам аз ҳамсоя хоҳиш мекунад, ки оилаашро огоҳ кунад. Вақте ҳамсоя ба хона медарояд, якум Дамирҷони 14-соларо кушта меёбад. Келинамро фарёд мекунад, ки садо намебарояд. Дуюм хонаро мебинад, ки келин ҳам беҷон хобидааст. Се аҳли оилаи маро дар се хона кушта рафтаанд”, - нақл кард Мукаррам.
Ҷасади Маҳбуба Ахмедоваи 38-сола, Нозинин Ахмедоваи 16-сола ва Дамирҷон Ахмедови 14-соларо рӯзи 30-юми май дар қабристони деҳаи Ҷаҳонзеб (пешина Қарачқум) ба хок супориданд.
 Мактаб “ситод”-и тафтишотӣ Мактаби қирғизии №28-и деҳаи Санҷидзор ба як навъ ситоди мақомоти қудратӣ, ки ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, мубаддал шудааст. Рӯзи 3-юми июн вақте аз ин мактаб дидан кардем, омӯзгорону хонандагон набуданд, онҳоро ба мактаби дигар гузаронидаанд. Аз ситод касе ҳозир нашуд бо журналистон суҳбат кунад ва тавсия доданд, ки ба раёсати вилоятӣ муроҷиат намоем.
Яке аз кушташудагон дар шаби 28 ба 29-уми май Зулхо Иброҳимова, муовини директори ин мактаб буд, ки ҳамроҳи додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимов ва ҳамсари ӯ Қурбонгул Иброҳимова ба қатл расонида шуд. Онҳо сокинони қирғизтабори деҳаи Санҷидзор мебошанд.
Аз ин оила се кӯдак ятим монд ва ҳоло дар ихтиёри мақомоти давлатӣ қарор доранд. Хостем бо наздикони ин оила ҳамсуҳбат шавем, аммо ҳамсоягонаш гуфтанд, дар деҳаи Санҷидзор касе надоранд ва эҳтимол хешу ақрабояшон дар Қирғизистон бошанд.
Зимнан, мақомоти баландпояи қудратии кишвар ба таҳқиқи ин ҳодиса пардохтаанд ва сокинони деҳа ва гирду атрофи онро ба ситоди тафтишотӣ-мактаби №28 даъват ва бозпурсӣ мекунанд.
Мактаби №28 деҳаи СанҷидзорAsia-Plus

Аз тарс бозор ҳам нарафтем”

Сокинони деҳаи Санҷидзор ва рустоҳои гирду атрофи дар пайи кушторҳои пайиҳам шабҳо хоби роҳат надоранд ва  фарзандону наздикони муҳоҷирашон ҳам аз ин вазъ нигаронанд.
Турдигул Ҷолдошова, зани 72-солаи сокини қирғизтабори деҳа мегӯяд, дар умраш бори аввал “чунин даҳшатро шунидааст”.
“Ману муйсафед танҳоем. Ду писарамон барвақт фавтиданд, духтарҳо дар хонаи шавҳарашон. Ҳавлиҳо васеъ, дарвоза ҳам надорем, деворҳо пасту кӯчида. Ин манзара албатта нигаронии моро дучанд мекунад. Зеро ҳар касе хоҳад бемушкил вориди хона мешавад.
Як духтарам муаллима аст, чанде пештар 100 сомонӣ дод, ки бозор рафта маҳсулот харед. Аммо аз тарс бозор ҳам нарафтем”, - нигаронӣ кард Ҷолдошева.
 
Турдигул Ҷолдошова

Нигаронии муҳоҷирон ва кӯчбандии аҳолӣ аз деҳа

Абдусалом Абдураҳмонови  71-сола, сокини кӯчаи Ҷавонони деҳаи Ҷаҳонзеб дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳарчанд кушторҳои пайдарпай дар деҳаи ҳамсоя рух додааст, аммо онҳо низ дар тарсу ҳаросанд.
“Як писарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Қабл аз ҳодисаҳо дар ду се шаб як бор занг мезад, ҳоло ҳар ду се соат занг зада аз ҳоли мо ва деҳаю шаҳр мепурсад. Ин ҳодисаҳо  муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҳам ноором кардааст”, - гуфт ӯ.
Абдусалом Абдураҳмонов
Ҳамсуҳбати мо нақл кард, ки дар баъзе аз маҳаллаҳое, ки мард надорад, то ором шудани вазъ ситод ташкил карда, 2-4 мард ҳамчун посбон мондаанд.
Ӯ нақл кард, ки ҳар бегоҳ занони танҳо “мисли кучманчӣ дари хешу таборашон меравад. Чашми ҳама ба мақомот, то ҷинояткоронро худтар ёбанд вазъяти ноороми мо оромиш ёбад”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.